Нашрияи Омӯзгор

Кӯлоб: маош сари вақт пардохт намешавад

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Кӯлоб масъалаи пардохти музди меҳнати омӯзгорону кормандони муассисаҳои таълимии шаҳр то ҳол ташвишовар боқӣ мондааст. Бино бар гуфтаи ҷонишини сардори раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб А. Муминов, бо сабабҳои молиявӣ таъмини маоши омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  тӯл кашида истодааст.

Иқтисодчии раёсати маорифи шаҳр А. Шарифов чунин иброз дошт:

 -  Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 69 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Маблағи маоши якмоҳаи омӯзгорону кормандони муас-сисаҳои таълимӣ 4 миллиону 42 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сабаби асосии пардохт нашудани музди меҳнат сари вақт маблағгузорӣ накардани шуъбаи молияи шаҳр мебошад. Бояд қайд кард, ки оид ба пардохти маоши омӯзгорон аз раёсати молияи шаҳр ба мо ягон маълумот пешниҳод намегардад ва мо ҳам маълумоте дастрас карда наметавонем.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш