Нашрияи Омӯзгор

Ашъори безавол

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун суханвари ҳаким ва чун шоиру донишманди бузург шинохта шудааст. Рӯдакӣ шеъру фарҳанги ҷовидонаи мардуми тоҷикро дар замони Сомониён ба сатҳи як рукни давлатдорӣ бардошт. Чун ба ашъори устод Рӯдакӣ назар меафканӣ, дарзамон дармеёбӣ, ки ҷавҳар ва бунмояи шеъраш хираду ҳикмат аст. Мухотаби шеъри ӯ тарбия, ҳикмат маънавиёт мебошад.

Осори гаронбаҳои шоир дар шакли қасида, ғазал, маснавӣ, қитъа ва рубоӣ эҷод шудааст. Ман ҳамчун омӯзгори адабиёт ҳамвора, хоҳ дар дарси муқаррарӣ ва хоҳ дар дарсҳои тарбиявӣ ҳатман аз шеърҳои пандомӯзи устод ба шогирдонам мехонам ва онҳоро ҳамроҳ таҳлил мекунем. Вақте байти машҳури ӯ “Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ”-ро барояшон мехонам, таваҷҷуҳашон ба шеъру адаб афзун мегардад. Яке аз мавзӯъҳои муҳим дар осори устод  Рӯдакӣ инсондӯстист. Шоир футуввату ҷавонмардиро арҷ гузошта, таъсири бузурги ин ғояҳоро дар зиндагии инсон таъкид менамояд ва нидо мекунад, ки агар одамӣ аз таҷрибаи ҳаёт чизе наомӯхта бошад, пас дар вазъи душвор хоҳад монд:

Ҳар кӣ н –омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

Устод Рӯдакӣ, ки забону фарҳанги миллиро арҷ мегузошт ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки ба забони модарии мо рахна ворид гардад, ҳамчунин, ҳамзабононашро ба он ҳидоят мекард, ки ҳаргиз дар суханварӣ ба иштибоҳ роҳ надиҳанд, варна ба натиҷаи баде рӯй ба рӯ хоҳанд шуд:

Замона гуфт маро хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Инсон ҳамеша ба илму дониш ниёз дорад, зеро илму дониш шаҳсутуни зиндагист. Миёни шоирони бузург камтар касеро метавон ёфт, ки то ин ҳад дар шеър ҳарфи дили мардумро гуфта бошад. Шеърҳои пандомӯзи устод Рӯдакӣ хеле воқеӣ, амиқ ва содаву самимианд, дар зеҳни хонанда зуд нақш мебанданд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В- аз ҳам бад бар тани ту ҷавшан аст.

Устод Рӯдакӣ ҳамеша таъкид мекунад, ки инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, нафрат ба зулму ситам ва ватанпарварӣ бояд дар ниҳоди ҳар як инсон ҷой дошта бошад. Шоир накуӣ кардан, дасти бечораеро гирифтан, эҳтиром ба ҳамдигар доштанро асоси зиндагӣ медонад ва менависад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к- андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в- аз накукорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Устод Рӯдакӣ дар осораш сифлаву ноҷавонмардро мавриди сарзаниш қарор медиҳад ва яке аз хислатҳои бади инсонӣ меномад.

Бояд гуфт, ки тамоми осори устод Рӯдакӣ бо забони ниҳоят сода, зебо, фаҳмо ва мардумӣ суруда шудааст, ки шогирдони мактаб роҳат ашъорашро хонда, маънияшро хуб дарк мекунанд. Ва ҳақ ба ҷониби устод Турсунзода, ки гуфта: “Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун”. Оре, ному осори устод Рӯдакӣ то ҷовидон зиндаву поянда аст.

 

Матлуба Сатторова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш