Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғи олами маънавӣ

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Панду ҳикмат воситаи муҳимми таълиму тарбия мебошад ва дар давоми машғулиятҳо бо хонандагон аз тарафи омӯзгор васеъ истифода бурда мешавад. Дар адабиёти тоҷик панду ҳикмат мавқеи барҷаста дорад ва тамоми адибони маъруфи тоҷик дар ин мавзӯъ осори пурмаънию судманд гуфтаанд.

Яке аз намояндагони машҳури адабиёти тоҷик Саъдии Шерозӣ ҳамчун муаллими ахлоқ тавсифи ҷаҳонӣ ёфтаасту асарҳои безаволаш - «Гулистон»-у «Бӯстон» моломол аз панду ҳикматанд ва ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанду дар тарбияи маънавии башарият саҳмгузорӣ менамоянд. Дар пайравии «Гулистон»-у «Бӯстон» шоири тавонои дигар Абдураҳмони Ҷомӣ асари пурмуҳтавое бо номи «Баҳористон» навиштааст. Дар эҷодиёти шоирони маъруфи адабиёти классикии тоҷик Фирдавсию Низомӣ, Носири Хисраву Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусраву Сайидо… низ панду ҳикмат мавқеи назаррас дарёфтааст. Лекин заминагузори асосии ин мавзӯи муҳим дар адабиёти тоҷик Одамушшуаро, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ эътироф гардидааст. Умуман, қофиласолори адабиёти тоҷик дар тамоми мавзӯъҳои меҳварии адабиёт ашъори баландпоя ва дорои ғояҳои олӣ гуфтааст. Панду андарзи устод Рӯдакӣ ҳадафгиру муассир буда, зуд ба дилҳо корагар мешавад ва дар рушди маънавии кас таъсири амиқ мегузорад. Чунончи, байти зерини устод, ки хеле машҳур аст, дониш ва аҳамияти онро дар сатҳи баланд ситоиш ва тарғиб мекунад:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ин шоҳбайт ба шиори мактабиён табдил ёфтаасту чун лавҳ дар дарсгоҳу долонҳо дида мешавад ва ҳамаи хонандагон онро азёд медонанд. Метавон гуфт, ки байти мазкур дар афрӯхтани чароғи маърифат дар дили насли наврас нақши бориз дорад. Бо тавсифи маънои он аз ҷониби омӯзгор меҳру шавқи шогирдон нисбат ба дониш дучанд мешавад, муҳаббаташон ба китобу омӯзиш неруи бештар меёбад. Устод Рӯдакӣ ганҷи донишро барои ҳамагон беҳтарин сарвату давлати зиндагӣ медонад ва даъват мекунад, ки одамон ҳар чӣ бештар рӯй бар ин ганҷ оваранду маънавияти худро такмил бахшанд. Шоир даъват месозад, ки тамоми умр бояд бо омӯзиш ҳамбаста буд, бояд фарҳанги худро такмил бахшид. Байти машҳури зер ҳамин маъниро ифода менамояд:

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тарғиби донишу таъкиди моҳияти он дар маснади баланд қарор дорад.

Шоири шаҳир одамонро ба ростию накукорӣ, ҳимматбаландию шарафмандӣ, дорои одоби ҳамида будан ва ҳамеша ботаҳаммулу дурандешона рафтор кардан даъват менамояд. Ба қавли ӯ, инсон чӣ гуна амал кунад, подоши муваффақи онро хоҳад ёфт. Яъне, бад кунӣ, бад бинӣ, нек кунӣ, нек. Ба ин маънӣ, байтҳои зерини шоир машҳуранд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон  кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт…

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат

мушт.

Накукорӣ, аз нигоҳи шоир, асоси хушбахтиҳои инсон аст ва он боиси комгории шахс ҳам дар имрӯзу ҳам дар фардо хоҳад буд.

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Қитъаи зерини устод Рӯдакӣ ба шиори дӯстӣ ва дӯстон табдил ёфтаасту асрҳо боз садо медиҳаду ҳеч гоҳ моҳияту аҳамияти худро гум намекунад:

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ҳеч талхӣ нест дар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Истифодаи васеи панду андарзҳои устод Рӯдакӣ дар зинаи аввали таҳсилот низ муфиду самараовар аст ва ба равнақи тарбияи ахлоқии хонандагон мусоидат мекунад.

Рухшона ФАЙЗУЛЛОЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш