Нашрияи Омӯзгор

Машъали фурӯзони назм

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва Одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.

Халқи мо бо ин абармарди олами адаб мефахрад ва номи неки ӯро пос медорад. Устод Рӯдакӣ чеҳраи маҳбубу мақбул барои аҳли адаб ва умуман, барои тамоми халқи тоҷик аст. Бар асари меҳру муҳаббат аст, ки дар бораи ин шоири беназир суханони зиёди пурситоиш гуфта шудаанд. Рӯдакишиносӣ имрӯз ба як шохаи бавусъати адабиётшиносии тоҷик табдил ёфтаасту мақолаву рисолаҳои фаровонеро дар бар мегирад. Олимону муҳаққиқони зиёде дар бораи устод Рӯдакӣ ва ҳаёту эҷодиёти ӯ китобҳо навиштаанд ва рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд. Гуфтаҳои аҳли адаб, дӯстдорони адабиёт ва ашхоси дигар дар мадҳу тавсифи устод Рӯдакӣ саршор аз меҳру муҳаббатанд ва далели равшани эътиқоду эҳтиром ва ифтихори ҳамагон ба шоири маҳбуби миллат мебошанд. Истифодаи ин гуфтаҳо дар дарсҳои забону адабиёти тоҷик, забони олмонӣ ва дар дарсҳои тарбиявӣ хеле муфид ва муассиру ибратангез хоҳад буд. Сардафтари адабиёти навини тоҷик, аллома Садриддин Айнӣ ба осору омоли устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус доштаасту дар навиштаҳои худ борҳо руҷӯъ ба эҷодиёти ин шоири барҷаста кардааст. Рисолаи устод Айнӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ» сухани тозае дар Рӯдакишиносӣ буда, дар бораи Одамушшуаро маълумоти ҷолиб ва нав пешниҳод мекунад. Дар ин рисолаи пурмазмун, аз ҷумла, омадааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр сода ва табиист ва бар болои ин, бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Мо дар шеърҳои ӯ… тумтароқиҳои шоирони дигарро намебинем, аммо аз хондани онҳо чунон лаззат мебарем, ки бо хондани бисёр шеърҳои шоирони машҳури дигар ин лаззат кам муяссар мешавад. Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд». Дар мавриди дигар устод Айнӣ оид ба хусусиятҳои умдатарини шеъри Одамушшуаро мулоҳиза ронда, зимнан иброз медорад: «Забони шеъри Рӯдакӣ бисёр сода ва ҳамафаҳм аст, ӯ калимаҳои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханҳои форсӣ-тоҷикӣ ҳам бештар содатарин ва оммафаҳмтаринашонро чида гирифта, ба кор мебарад». Воқеан ҳам, ашъори устод Рӯдакӣ равону самимист ва андешаро ба таҳрик меораду зуд ба дилҳо мерасад ва ба хотирҳо нақш мебандад.

Донишманди мумтози тоҷик, адабиётшиноси варзида Абдулғанӣ Мирзоев яке аз муҳаққиқони муваффақи ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ маҳсуб меёбад ва китоб – монографияи машҳури ӯ «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» яке аз таҳқиқотҳои асосӣ оид ба қофиласолори адабиёти тоҷик мебошад. Ин олими номвар дар ситоиши султони шоирон, аз ҷумла, овардааст: «Умуман, мақоми Рӯдакӣ дар таърихи назми тоҷик аз ҷиҳати азамати худ бемонанд аст. Рӯдакӣ нафақат шаклҳо ва навъҳои назмро такмил дод, балки дар тамоми қисматҳои назми асри худ намунаҳои беҳтарини аввалин сабки шеърӣ – сабки туркистониро эҷод намуда, онҳоро аз ҷиҳати талаботи ғоявӣ ва бадеӣ ниҳоятдараҷа баланд бардошт».

Адабиётшиноси маъруф Шарифҷон Ҳусейнзода дар бораи устод Рӯдакӣ як силсила мақолаҳои пурмеҳр навиштааст. Ӯ ҷое таъкид мекунад: «Рӯдакӣ дар торикии асри миёна машъали фурӯзони назмеро, ки ақлҳоро бедор ва дилҳоро равшан месохт, дар даст маҳкам дошта, хушбахтии инсонро орзу ва таманно кардааст. Ин гуна хусусиятҳо вайро ба қатори беҳтарин арбобони адабиёти ҷаҳонӣ дохил менамояд».

Ситоишномаи устод Рӯдакӣ хеле фарогиру муҳтавоманд аст. Бисёр шахсиятҳои варзидаи хориҷи кишварамон низ дар тавсифу мадҳи ашъори устод ва маҳорати шоирии ӯ суханони баланду дилписанд гуфтаанд. Чунонки дар аввал гуфтем, истифодаи онҳо аз ҷониби омӯзгорон дар ҷараёни таълиму тарбия ба болоравии ҳисси ифтихори миллии хонандагон ва нерумандтар шудани алоқаи онҳо ба адабиёти бадеӣ, ба каломи мавзун мешавад.

 

Шаҳноза СУЛАЙМОНОВА,

омӯзгори забони олмонӣ,

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш