Нашрияи Омӯзгор

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад...

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ доир ба инкишофи иқтисодиёти кишвар иброз доштанд, ки “Барои баланд бардоштани самаранокии  истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош варзида, ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисодиёти миллии кишвар дар давраи  дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳида амалӣ карда шаванд”.

Дар Тоҷикистони мо, ки аз захираҳои табиӣ бой аст, истифодаи оқилонаи ин ашёи  хом метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун намояд. Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои фаровони об асту он  истифодаи оқилонаю одилона ва сарфакоронаро металабад. Хусусан, барои мамлакатҳои тараққикарда ва минтақаҳои кӯҳистон масъалаи таъмини оби ошомиданӣ муаммои рӯзмарра аст. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин ҷода аҳамияти хоса дорад. Захираҳои гидроэнергетикӣ сарвати  миллист. Бинобар ин,  кишвари мо рушди соҳаи энергетикаи обро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишварамон 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст. Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии банақшагирифта ба аҳолии Тоҷикистон шароити  мусоидат аз ҷиҳати неруи барқро фароҳам меорад.

Дар ҷумҳурӣ оид ба  масъалаи илму донишандӯзии ва касбу ҳунаромӯзӣ наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Сарвари давлат ҷиҳати тақвияти илму дониши насли наврас ва ҷавонон, бунёди чандин мактабу китобхона, боғча ва муассисаҳои томактабӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳоро роҳандозӣ намуда, барои таълимгирандагон шароити мусоид муҳайё гардонидааст. Чунки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва тараққиёти он аз донистани илму техника, илму дониш, маҳорату малака ва саъю кӯшиши насли наврас ва ҷавонон вобастагӣ дорад.

Лӯбад АЗИМОВА,

омӯзгори забон ва  адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш