Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии судманд

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони масъули роҳбарикунандаи ташкил, баргузорӣ ва назорати имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2018 дар марказҳои имтиҳонӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм, Меҳроҷиддин Наботов-прокурори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодком Турсунзода-муовини сардори раёсати 1-уми сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хуршед Икромӣ-директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, вобаста ба омодагиҳо дар марказҳои имтиҳонӣ, назорати рафти баргузории имтиҳонҳо, қабули ҳуҷҷатҳо, кор бо довталабон ва волидайн, иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз он ва дигар масъалаҳои вобаста ба имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

Иштирокдорон ба як қатор саволҳо посух гирифтанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш