Нашрияи Омӯзгор

Зиндагӣ аз об меёбад самар

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Аз аҳди қадим файласуфони барҷаста оламро иборат аз чор унсури асосӣ-обу оташ ва хоку бод донистаанд. Дар ин миён об аҳамияту моҳияти махсус дорад. Он аз омилҳои муҳимтарини ҳастии инсон ва кулли мавҷудоти сайёра дониста мешавад. Дар урфият «обу ободӣ» гуфтаанд, ки комилан дуруст аст. Ҳар ҷое, ки об фаровон бошад, ҳаёт шукуфою ҳама сабзу хуррам хоҳад буд. Дар тамоми кишварҳои олам об бузургтарин сарвати миллӣ дониста мешавад ва ҳамагон барои ҳифзу сарфаи он мекӯшанд ва олудаю ифлос шуданашро пешгирӣ менамоянд. Дар Тоҷикистони мо об фаровон аст ва аз ин ҳар як сокини кишвар ифтихор мекунад. Аҳли олам низ Ватани маҳбуби моро ҳамчун диёри обҳои софу мусаффо мешиносанду тавсиф месозанд. Хеле ҳикматбору иборатбахш аст, ки маҳз кишвари сероби мо дар байни ҷаҳониён ба сифати мамлакати ташаббускори истифодаи оқилонаи об шинохта шудааст. Ин ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари кишвари мо вобаста ба масоили марбут ба об дар арсаи байналхалқӣ борҳо аз минбари СММ ва дар ҳамоишҳои борнуфузи ҷаҳонӣ суханронӣ карда, аз аҳли олам даъват намуданд, ки ба истифодаи оқилонаи об ва сарфаю пок нигоҳ доштани он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошанд.

Ташаббуси навбатии Сарвари кишвари мо вобаста ба ин масъала пешниҳоди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буд, ки аз ҷониби СММ пазируфта шуд ва инак, соли дуюм аст, ки дар тамоми ҷаҳон дар заминаи ин ташаббуси созандаву манфиатбор чорабиниҳои гуногун амалӣ мешаванд. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускор аз ин ҷиҳат пешқадам аст. Ин ҷо вобаста ба истифодаи босамару хирадмандонаи об, эмин доштани он аз ифлосшавӣ, дастгирии ҳамсоякишварҳо оид ба таъмини об мунтазам ҳамоишу конфронсу мубоҳисаҳо баргузор мешаванд, воситаҳои ахбори омма дар мавзӯъҳои гуногун марбут ба об пайваста гузоришу мақолаҳо ба табъ мерасонанд.

Дар тарғибу амали ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аҳли маориф фаъолияти вусъатманд доранд. Дар таълимгоҳҳои кишвар ба ин масъала диққати ҷиддӣ ва ҳамешагӣ дода мешавад. Аз ҷумла, омӯзгорони технология (таълими меҳнат) мекӯшанд, ки дар рафти дарсҳо ба шогирдон оид ба об ва хусусияту аҳамияти он маълумоти ҷоиб пешниҳод намоянд. Дар ин ҳолат ҳадафи асосӣ он аст, ки хонандагон нисбат ба об маълумоти кофӣ дашта бошанд, дар пок нигоҳ доштану сарфакорона истифода кардани он саҳмгузорӣ намоянд. Таъкид бояд кард, ки технология дар истифодаи босамари об нақши муҳим дора д ва маҳз тавассути дастгоҳҳои техникӣ дар аксар маҳалҳо об барои мардум дастрас мешавад. Технологияи истифодаи об имкон медиҳад, ки бисёр дошту биёбонҳои ташналаб обёрӣ карда шаванд. Ин боиси такмили дараҷаи некуаҳволии мардум низ мегардад. Дар тавсифи об хеле хуб гуфтаанд:

Об месозад ҳама ҷо сабзу тар,

Зиндагӣ бо об бошад пурсамар.

Кишвари маҳбуби мо бо арҷгузории об минбаъд боз ҳам ободу зебо ва шукуфотар хоҳад шуд.

Исуфалӣ ТОҶИЕВ,

омӯзгори технологияи

литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш