Нашрияи Омӯзгор

Обёрӣ дар Саразм

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Саразм бо рушди маданияти кишоварзӣ ва шаҳрсозиаш ба феҳристи ёдгориҳои умумибашарии ЮНЕСКО шомил гаштааст, ки тамаддунофарии аҷдодони моро собит месозад.

Дар Саразм ва Панҷакенти қадим соҳаи кишоварзӣ хеле хуб тараққӣ карда буд ва албатта, он ба системаи обёрии ҳамонвакта вобастагӣ дошт. Оид ба системаи обёрӣ, мутахассисони соҳаи обёрӣ, истифодаи об ва истифодаи заминҳои корам дар водии Зарафшон бостоншинос Усмонҷон Эшонқулов тадқиқот бурда, қайд намудааст, ки дар наздикии Саразм сойи Қирқарча ҷойгир шудааст ва манбаи он чашмаҳо мебошанд. Ҷӯякҳои кандаи саразмиён, ки он ба рафти пастхамӣ тӯл мекашид, тавре канда шуда буданд, ки оби сой ба онҳо рехта, бо вақти муайян киштро бо об таъмин мекарданд. Баъдтар саразмиён кофтани чоҳро омӯхта, аз оби чоҳ (обанбор) истифода мебурданд.

Истифодаи об барои аҳолӣ, чорво, сохтмон, шустушӯ аз рӯдхона ё ҳавзҳое, ки об дар он таҳшин мешуд, яке аз дастовардҳои кишоварзон ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб баъд аз овардани об дар нуқтаҳои аҳолинишин обанборҳои гуногунҳаҷм ба вуҷуд омадаанд. Яке аз ин ҳавзҳо - обанборҳо дар тарафи ҷанубу шарқии ҳафриёти 2 (Саразм) ҷойгир аст, ки диаметри он 50 метр ва чуқуриаш 3 метр-ро ташкил медиҳад. Ҳавзҳо дар ҷойҳое, ки барои хиштрезӣ аз замин хок мегирифтанд, пайдо шудааст, ки барои бо об таъмин кардани ҳайвонот истифода мешуд.

Аз рӯи гуфтаҳои А. Исҳоқӣ, дар аҳди биринҷӣ дар миёнаи ҳамвории Саразм ҳавз будааст. Ҳавз дар асрҳои миёна, дар натиҷаи пайдо шудани хоктеппаи табиӣ пайдо шудааст, ки дар он ҷо канали Кофир гузаронида шудааст. Дар давраи кор кардани иншооти обёрӣ дар зери хоктеппа роҳи обгузар барои оби партовӣ буд. Ҳангоми ҳуҷуми муғулҳо дар асри XII канал бекор монда, хоктеппа фурӯ рафта, роҳи обгузари обҳои партовро бастааст ва дарғот ба вуҷуд омадааст, ки ба кӯли муваққатӣ табдил ёфтааст.

Солҳои 30-юми асри XVIII заминҳои аз сойи Қирқарча шодоб мешуда беназорат монда шуда буданд. Солҳои 1818-1820 мелеоратори замони худ Халифа Ҳасан аз Амир Ҳайдари Манғитӣ – амири Бухоро иҷозатнома гирифта, бо каме кумакпулие, ки Амир Ҳайдар барояш дода буд, аввал ба кандани ҷӯй дар самти ҷанубу ғарби шаҳри Панҷакент шурӯъ кард ва дар андак муддат ба воситаи ҷӯйбори сунъии рӯди кӯҳии Қирқарча 460 десятина (як десятина баробар ба 1,09 гектар) заминро обшор намуд. То ҳол аз ин заминҳо кишоварзони Ҷамоати деҳоти Саразм, аз ҷумла, деҳаҳои Чиларча, Шӯрнова, Ӯртақишлоқ, Камарқишлоқ ва Чимқӯрғон истифода мебаранд.

Бунёд кардан ва истифодаи системаҳои обёрӣ, ки барои сохтани онҳо меҳнати азиме сарф шудааст, шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди мо дар соҳаи илму амали обёрӣ (ирригация) ба комёбии калон ноил шуда будаанд.

М. ҒАНИЕВА,

мудири шуъбаи таърихи

Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш