Нашрияи Омӯзгор

«Бизнес-лоиҳаҳои беҳтарин” аз кист?

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Бо ташаббуси раёсати ДИС ДДТТ ва дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамбастагӣ бо муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” озмуни вилоятии «Бизнес-лоиҳаҳои беҳтарин” дар доираи лоиҳаи “Стартап Чойхона XIII» баргузор гардид. Мақсад аз он ташаккули афкори иқтисодиву соҳибкорӣ, тақвияти эҷодкорию салоҳиятнокии донишҷӯён дар тартиб додани бизнес-нақшаҳо, муаррифии он барои ҷалби сармоягузорӣ ва амалӣ намудани бизнес-нақшаҳо мебошад.

Барои доварии озмуни мазкур соҳибкорону мутахассисони варзидаи вилояти Суғд - директори генералии ширкати сохтмонии “Равзана” Илҳом Сангин, роҳбари гурӯҳи ширкати бисёрсоҳавии “АМИД” Сайидамон Исомаддинов ва директори генералии ҶСП Бонки “Арванд” Шоира Содиқова даъват карда шуданд.

Дар озмун аз 30 лоиҳаи аз тарафи муҳассилини донишкадаву донишгоҳҳои вилояти Суғд пешниҳодшуда, 17 лоиҳаи беҳтарин аз тарафи комиссияи махсуси Барномаи минтақавии рушди Созмони Милали Муттаҳид интихоб карда шуд. Дар рафти озмун ҳар як донишҷӯ бизнес-нақшаи худро муаррифӣ карда, ба суолҳои аъзои ҳакамон ҷавоб гуфт.

Аз 17 бизнес-лоиҳа 3 адад беҳтаринашон аз тарафи доварон муайян карда шуданд. Бо дастгирии молиявии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорони Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ба 3 ғолиби озмун  ноутбукҳои ҳозиразамон ҳадя шуда, ба  дигар иштирокдорони озмун аз тарафи ширкати МЕГАФОН туҳфаҳои арзишманд эҳдо шуд.  Ҳамчунин, роҳбари гурӯҳи ширкатҳои “АМИД” Сайидамон Исомаддинов ба ҳар як иштирокчии озмун 100 сомонӣ супорида, ба донишҷӯёне, ки вобаста ба бизнес-лоиҳаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли панир, фурӯши доруворӣ муаррифӣ омода намуда буданд, барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳояшон маслиҳатҳои муфид дод.

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш