Нашрияи Омӯзгор

Назарсанҷии «Хома»: котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм дар ҷойи аввал

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

11-уми сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар Маҷмааи давлатии «Душанбе-плаза» мизи гирд дар мавзӯи «Арзёбии натиҷаҳои нишастҳои матбуотӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ва натиҷаи назарпурсӣ оид ба фаъолияти котибони матбуотӣ» доир гардид, ки дар он намояндагони хадамоти матбуотии вазорату кумитаҳо ва журналистон ширкат варзиданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Шаҳло Акобирова, директори иҷроияи ТҶ «Хома» иброз дошт, ки таъмини шаффофият дар фаъолияти вазорату идораҳо яке аз талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ мебошад. Маҳз ба хотири расидан ба ин ҳадаф ва таъмини ҳамкории мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва дастрасии хабарнигорон ба сарчашмаҳои расмии иттилоот дар Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2005 Амр «Дар бораи ташкил ва гузаронидани конфронсҳои матбуотии кварталӣ»-ро имзо карданд. Ин амри Сарвари давлат аз ҷониби рӯзноманигорон ба хушнудӣ пазируфта шуда, дар рафъи мушкилоти иттилоотонии ҷомеа иқдоми созанда арзёбӣ гардид.

Дар идома Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома», вобаста ба заминаҳои ҳуқуқии дастрасии иттилоъ, Сафарбек Кабиров-ҳамоҳангсози ТҶ «Хома» вобаста ба арзёбии натиҷаи назарсанҷиҳо, Иззатманд Саломов, коршиноси ВАО вобаста ба раванди нишастҳои матбуотӣ маърӯза намуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо мақсади муайян намудани сатҳи дастрасии хабарнигорон ба иттилоот, қобилияти касбии онҳо, инчунин, ҳавасмандии роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар расонидани иттилоот ба ҷомеа таҳқиқот гузаронид. Бо ин ният, дар нимсолаи якуми соли 2020 раванди панҷ нишасти матбуотии сохторҳои муҳими давлатӣ – Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Судӣ Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андоз таҳлил гардид.

-Ҳарчанд нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа, Прокуратураи генералӣ, Судӣ Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи андоз мавриди таҳлилу баррасӣ ва назарпурсиҳо қарор гирифта бошад ҳам, аммо аксари пурсандагон бар он иқрор буданд, ки беҳтарин нишасти матбуотӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм буд, - зикр кард Иззатманд Саломов.

Ҳамчунин, дар нишаст ҳангоми натиҷагирӣ аз фаъолияти котибони матбуотӣ эълон гардид, ки фаъолияти панҷ котиби матбуотӣ назаррас буда, тибқи назарсанҷиҳо миёни журналистон котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм дар ҷои якум, котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷои дуюм, котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ҷои сеюм, котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷои чорум ва котиби матбуотии Бонки миллӣ дар ҷои панҷум қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд соли охир дар қатори ни-ҳодҳои дастрастарин барои ҷомеаи журналистӣ эътироф мешавад.

Дар охир миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар самти ҳамкории хадамоти матбуотӣ бо ВАО мавриди таҳлил қарор дода шуд.

 

Сунатулло Эмомов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш