Нашрияи Омӯзгор

Мактаби нав дар деҳаи Понғоз

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.

Меҳмони воломақом — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ барои 1440 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбари маорифпарвари мамлакат сохта шуда, бо муосиртарин аёнияти таълимӣ таъмин мебошад.

Иншоот сеошёна буда, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон – соҳибкорон Махсудҷоновҳо сохта шудааст.

Бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.

Хурсандии омӯзгорон ва хонандагони ин даргоҳи илму маърифат аз он буд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳиби мактаби замонавӣ шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ягона ба ҳисоб меравад.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,48 гектар буда, бинои таълимӣ дар 928 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар таълимгоҳ барои илмомӯзии хонандагон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Мактаб аз 27 синфхона, аз ҷумла, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва    технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ барои 130 нафар, китобхона бо 8 ҳазор адабиёти гуногуни дарсию бадеӣ, толори хониш бо 30 ҷой ва ошхона иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Бародарон Махсудҷоновҳо нақша доранд, ки дар назди муассиса, дар масоҳати 50 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил намоянд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш