Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд. Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла, гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, гӯштини самбо ва намудҳои дигари варзишӣ миллӣ ба роҳ монда шудааст.

Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 880 метри мураббаъро ташкил дода, аз як ошёна иборат мебошад.

Дар толори асосӣ ду ҷой барои тамрин, баргузории мусобиқаҳо мавҷуд буда, барои тамошои машғулиятҳову мусобиқаҳои варзишӣ ба 200 нафар тамошобин ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои машғул шудани то 100 нафар варзишгарон ба машқу тамрин шароит фароҳам гардидааст ва ҳамзамон, ҳуҷраҳои истироҳатию либосивазкунӣ низ мавчуд мебошад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз қасри “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш