Нашрияи Омӯзгор

Қасри фарҳанг дар Мастчоҳ

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия боз таровати дигар бахшид.

Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бунёди  қасри муҳташами фарҳангиро дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги ноҳия туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш