3 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд.
Амфитеатри тобистона дар тарҳ шакли нимдавраро дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Дар даромадгоҳи асосии боғ, дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар гирду атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудааст. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудааст.
Мизи шоҳмот, ки дар як гушаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад.
Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳархела хизмат мерасонад. Дар қисми шимолу-шарқии боғ таваққуфгоҳ барои 60 адад автомашина пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераи муосири мушоҳидавӣ насб гардидааст.
Инчунин, барои гаштугузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта, дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудааст.
Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шудаанд.
Дар ҳудуди боғ 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст.
Инчунин 115 адад чархо-фалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидааст. Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад .
Мавриди зикр аст, ки дар вақти азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Бо ҳамаи шароитҳои истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, Боғи кӯдакон ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардид.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр