Нашрияи Омӯзгор

Маҳаллаи Ганҷобод дорои мактаби нав шуд

Сана: 2020-09-17        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дар таҳхонаи муассисаи нави таълимӣ синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон ҷойгир буда, ҳамаи синфхонаҳо ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Муассисаи таълимии навбунёд дорои толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бо 300 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо 280 ҷой ва ошхона бо 240 ҷойи нишаст мебошад.

Баробари бунёди толори барҳавои варзишӣ ҳамчунин дар шафати мактаб майдони варзишӣ низ бунёд карда шудааст, ки хонандагон имкон доранд, ба бозиҳои гуногун машғул шаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш