Нашрияи Омӯзгор

Соҳибдиле аз байни мо рафт

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

20 сентябри соли равон марги нобаҳангом номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дӯстмурод Бобоевро дар синни 60 аз байни мо бурд. Мавсуф аз ҷумлаи устодони накуному некандеш буду ба донишҷӯёни риштаи журналистика нозукию маҳорати суханварию нигорандагиро меомӯзонид. Бо устод Д. Бобоев аз даврони донишҷӯӣ шиносоӣ доштаму мунтазам дар ҷодаи эҷод роҳнамоиям мекард. Ӯ дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буд, ба ҳама донишҷӯён муносибати самимона дошт ва бо чеҳраи хандону нигоҳҳои меҳрбораш ба ҳар як саволи донишҷӯён посухҳои саҳеҳ медод. Дарсҳояш низ ҷолибу рангин мегузашт, донишҷӯён ба шавқу рағбати зиёд ва омодагии ҷиддӣ ба машғулиятҳояш ҳозир мешуданд. Боре нашнидааму нафаҳмидаам, ки касе нисбат ба ӯ сухани баде гуфта бошад. Касеро наранҷонидааст. Дар дарсҳояш донишҷӯёнро ба омӯзишу мутолиаи васеъ талқин менамуд. Чанде пеш бо ҳам суҳбат доштем. Устод дар пайи омода намудани ҳуҷҷатҳо барои  ҳимояи рисолаи докторӣ серташвиш менамуд. Шодравон ҳам дар ҷодаи таълим, ҳам ҷодаи таҳқиқ ва ҳам журналистика донишу қобилияти  баланд дошту пайваста заҳмат мекашид…

Устод Дӯстмурод Бобоев омӯзишу мутолиаи васеъ дошт, адабиёти ҷаҳонро ба хубӣ медонист, дар мавзӯю масоили гуногуни илмӣ бо ҷӯшу хурӯш баҳс мекард ва пажӯҳишгари муваффақ буд. Муҳаққиқони ҷавонро ҳамвора ба таҳқиқу омӯзиш роҳнамоӣ мекарду дар муҳокимаи рисолаҳои илмӣ  бо овардани мисолҳо ва пешниҳодҳои судманд аспирантону унвонҷӯёнро панд медод, ки бештар омӯзанду ҷиддан  аз пайи таҳқиқ бошанд.

Дӯстмурод Бобоев хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва дар соҳаи адабиёт таҳқиқоти илмӣ бурда, номзади илми филологӣ гардид. Чанд сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, нахуст муаллим ва баъд дар вазифаи мудири кафедра кор кардааст.  Аз соли 2007 то охири умр  дар кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи ДМТ фаъолияти густурда ба роҳ монда буд. Дар кафедраи мазкур ба самти камтаҳқиқи соҳаи илм - кинопублитсистика машғул шуд ва рисолаи докториашро дар мавзӯи «Кинопублитсистика: воқеият ва муаммои тасвири инсон» омодаи дифоъ намуд. Дар пешдифои рисолаи доктории устод  иштирок доштам. Дар атрофи ин рисола баҳсҳои зиёде ба миён омад, ки аз муҳиммияти мавзӯи мазкур дарак медод.  Афсӯс, ки умр вафо накард ва устод баногаҳ шогирдону дӯстон ва ҳамкоронашро тарк кард, ки ғамангезу боварнокарданист.

Дӯстмурод Бобоев дар тайёру омода намудани мутахассисони соҳаи журналистикаи замони истиқлол саҳми босазо дошт. Номи устод дар дилу дидаҳои шогирдону дӯстон ва ҳамкорон абадӣ боқӣ хоҳад монд.

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш