Нашрияи Омӯзгор

Лутфулло Солиев

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 852        Шарҳ: 0

 

Яке аз кимиёшиносони маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, (2009), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултаи химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Лутфулло Солиев дар 79 - солагӣ ин дунёро падруд гуфт. Лутфулло Солиев 15-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Солҳои 1959–1964 дар факултаи табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбар, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултаи химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд. Аз моҳи феврали соли 2007 то соли 2015 мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, аз 31-уми декабри соли 2015 то охири умр профессори кафедраи номбурда буд. Ӯ яке аз муаллифони ҷараёни нави илмӣ дар химия - муайян намудани мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёртаркибаи обӣ-намакӣ, назария ва амалияи химияи ғайриорганикӣ мебошад. Лутфулло Солиев муаллифи зиёда аз 540 мақолаи илмӣ, аз ҷумла, 3 монография, 5 китоби дарсӣ, 16 дастури таълимӣ, 13 ихтироот мебошад. Дастовардҳои илмии профессор Лутфулло Солиев бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, медалҳои “1500-солагии шаҳри Киев” ва “Ихтироъкори СССР” мукофотонида шудааст.

Лутфулло Солиев соли равон бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва аз ҷониби Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия бо ҷоизаи “Асосгузори мактаби илмӣ” қадр карда шудааст.

Раёсат, Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва садорати факултаи химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз марги устоди зиндаёд Лутфулло Солиев сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум изҳори таслият менамоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш