Нашрияи Омӯзгор

Мулоқот бо муаллифи Суруди миллӣ

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Ҳар субҳ чун дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат дар мактаби мо (№8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ) низ зимни ҷамъомади субҳонаи хонандагон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана садо медиҳад.

Аҳли таълимгоҳ Суруди миллиро самимона ва бо ифтихори баланди миллӣ месароянд. Садои ин суруд хеле рӯҳнавозу гуворост ва касро ба самимона дӯст доштани Ватан, посдори он будан ва баҳри рушди бештари кишвар ҷидду ҷаҳд намудан даъват менамояд. Хусусан, нақароти Суруди миллӣ хеле муассир ва омехта ба меҳру самимият нисбат ба диёри арҷманд садо медиҳад:

Зинда бош, эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман!

…Яке аз рӯзҳои охирини соли таҳсили гузашта буд. Пас аз аҳлона сароидани Суруди миллӣ субҳе шогирдони ман вориди синфхона шуда, хоҳиш карданд, ки вохӯрии онҳоро бо муаллифи Суруди миллӣ ташкил намоям. Ман аз аҳли синф пурсидам:

- Аввал гӯед, ки муаллифи Суруди миллӣ кист?

-Гулназар Келдӣ! - бо як овоз ҷавоб доданд онҳо.

-Оҳанги Суруди миллӣ аз бастакор Сулаймон Юдаков аст, -илова кард яке аз шогирдонам.

 Ман ба хонандагон дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ мухтасар маълумот дода, гуфтам, ки албатта, бо устод вохӯрӣ баргузор хоҳем кард.

Устод Гулназар даъвати маро самимона пазируфтанд ва ҳатто гуфтанд, ки ман вохӯрӣ бо насли наврасро дӯст медорам ва аз гуфтугӯ бо хонандагон илҳом мегирам.

Як ҳафта пас вохӯрии шогирдони ман бо устод Гулназар баргузор гашт. Ба ин муносибат мо рӯзномаи деворӣ таҳия кардем, лавҳу суратномаҳо оростем ва як силсила суолҳо омода намудем.

Устод Гулназар баробари ба синф ворид шудан бо табассум  салом доданду бадоҳатан аз ду-се нафар порае шеър пурсиданд. Ҳамин тавр, суҳбати гарму самимии устод бо хонандагон оғоз ёфт. Шоири маҳбуби миллат аз хонандагон даъват карданд, ки Ватанро дӯст доранд, фарзанди шоистаи он бошанд, хубу аъло хонанду ҳамеша ва ҳама ҷо боадабона рафтор намоянд. «Бибинед, дар чӣ шароите таҳсил доред. Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таҳсили муваффақонаи шумо ҳама шароити заруриро фароҳам овардаанд.

Ҳамаи фанҳоро аз худ намоед, забонҳои байналмилалиро биомӯзед, аз технологияи муосир бохабар бошед ва соҳибҳунар шавед»,- гуфтанд устод Гулназар ба хонандагон.

Сипас, бо хоҳиши устод чанде аз шогирдони синф оид ба китобҳои бадеии ба наздикӣ хондаашон ҳикояҳо карданд ва дар ситоиши Ватан шеърҳо хонданд.

Устод Гулназар ба якчанд саволи хонандагон вобаста ба ҳаёту эҷодиёташон ҷавоб доданд. Ҳозирҷавобӣ, суханварӣ ва шеърдонии хонандагон устодро хеле мамнун кард. Дар оғозу анҷоми ин вохӯрии гуворою хотирмон хонандагон Суруди миллиро сароиданд, ки ба онҳо худи муаллифи суруд ҳамовозӣ карданд.

Устод бо хонандагон хайрухуш карда, бо роҳбаладии маъмурияти таълимгоҳ аз чанд кабинети фаннию толор ва аз маҷлисгоҳи мактаб дидан намуданд.

Ин вохӯрии самимӣ маълумоти хонандагонро дар бораи Суруди миллӣ  ва муаллифи он комилтар кард. Умуман, ташкили вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли адаб барои насли наврас судманду манфиатбор аст.

Наргиз Эсанова,

омӯзгор,

ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш