Нашрияи Омӯзгор

Пешвои миллат ва рушди варзиш дар кишвар

Сана: 2018-07-05        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Варзиш мактаби обутоби ҷисмонӣ ва мардонагӣ буда, ҷавононро барои ҳимояи марзу бум, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва ҳифзу таҳкими дастовардҳои бузурги давлатӣ  ҳидоят мекунад. Танҳо ҷавонони солиму бардам, тавонову қавӣ  ва далеру шуҷоъ меҳру муҳаббати Ватанро қадр карда, бо рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ амнияту оромӣ ва суботи кишварро таъмин карда метавонанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Варзиш яке аз  машғулиятҳои писандидаи ниёгонамон буда, дар гузашта низ ҳаводорони зиёд доштааст. Дар адабиёти пурғановати форсу тоҷик доир ба обутоб ёфтан ва ҷасуру далер ба камол расидани насли наврас таълифоти гаронбаҳое ба мерос мондааст.

Намудҳои гуногуни варзиш, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ касб карда, ҳамчун намуди варзиши олимпӣ пазируфта шудаанд, бемуҳобо, аз халқи тоҷик ба мерос омадааст. Маълум мегардад, ки гузаштагони мо варзиш ва солимии баданро ҳамеша талқину тарғиб мекардаанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд ёфт. Албатта, рушди варзиш ба сулҳу ваҳдат ва таҳкими суботу амният робитаи қавӣ дорад. Маҳз ваҳдати миллӣ заминаи асосиро барои рушди варзиш дар ҷумҳурӣ гузошт. Зеро варзиш дар баробари дигар соҳаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,  ба хотири таъмини оммавияти он, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омода намудани варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар сабқатҳои байналмилалӣ дар кишварамон заминаи мусоиду беамсол фароҳам оварда шудааст

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ беназир аст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаву созандаи Сарвари кишвар варзиш дар Тоҷикистон ҳамчун омили тандурустӣ ва шуғли дӯстдоштаи мардум шуҳрату нуфуз пайдо карда, варзишгарони тоҷик имкон ва шароити мусоид пайдо намуданд, ки пайваста дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд.  Бояд таъкид кард, ки дар замони шӯравӣ варзишгарони тоҷик аз набудани толорҳои хушсохту замонавии барҳавои варзишӣ танқисӣ мекашиданд. Ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ толорҳои гуногуни варзишӣ амал мекунанд, ки ҳамагон метавонанд, аз ин иншооти варзишӣ самаранок истифода намоянд.  Баъди таъмин намудани варзишгарон бо толорҳову маҷмааҳои  варзишӣ дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар гаштанд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ бо маҳорату ҳунари баланд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд: Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпӣ, ҷоизадори медали нуқраи чемпионати ҷаҳон, чемпиони Осиё оид ба варзиши сабук, Расул Боқиев, ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ,  Мавзуна Чориева, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба бокс, Фаррухи Салим чемпиони Осиё оид ба дзюдо, Комроншоҳи Устопириён, чемпиони Осиё оид ба дзюдо  ва ғайра аз ин қабил мебошанд. Метавон дар ин радиф варзишгарони зиёдро номбар кард, ки асосан дар замони соҳибистиқлолӣ ба камол расидаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки олимпиада қуллаи баландтарини дастовардҳои варзишгарон ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад. То имрӯз дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ варзишгарони ҷумҳурӣ 4 медал: 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овардаанд, ки ин натиҷа дар муқоиса ба дастовардҳои давлатҳои варзишаш рӯ ба инкишоф натиҷаи хеле хуб маҳсуб меёбад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 130 мактаби варзишӣ мавҷуд мебошад, ки  наврасону ҷавонон дар ин мактабҳо ба варзиш ва машқу тамрин ҷалб карда мешаванд.

Мусаллам аст, ки варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд, бо мукофотҳои пулӣ ва ҷоизаҳои арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Ҳамчунин, барои рушди варзиш ва муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» аз 9 январи соли 2015 ба тасвиб расид, ки ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мусоидат намуд.  Дар заминаи фармони мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ қабул шуд, ки дар он тартиби ҳавасманд намудани варзишгарон нишон дода шудааст. Мо тавассути расонаҳои хабарӣ ҳамарӯза огоҳ мегардем, ки дар тамоми мусобиқаҳои байналмилалӣ варзишгарони тоҷик ширкат варзида, сазоворои ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Таъсиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон, кумитаҳои олимпӣ аз таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ далолат мекунад. Имрӯз дар тайёр кардани кадрҳои соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ як мактаби олӣ ва чандин коллеҷ амал мекунанд, ки ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ хизмати арзанда менамоянд. Махсусан, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти ин донишкада дар даврони Истиқлолият рушду тавсеа ёфта, дар чанд соли охир заминаи моддию техникӣ ва шароити таълимӣ дар ин муассисаи олӣ хеле хуб гардидааст. Аксар варзишгарони машҳури кишвар хатмкардаи он мебошанд. Теъдоди зиёди омӯзгорони тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар низ хатмкардаи ин муассиса  ба ҳисоб мераванд.

Солҳои охир як силсила қарорҳо ва барномаю консепсияҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки барои рушди варзиш дар кишвар мусоидат менамоянд. Дар баробари сохтмону азнавсозии иншооти варзишӣ баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар кишвар, рушду тавсеаи намудҳои варзиши миллӣ ва оммавӣ, аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани намудҳои гуногуни мусобиқаҳои суннатӣ бахшида ба ҷашнҳои аҷдодӣ ба оммавӣ гардидани варзиш дар кишвар замина гузошт. Ҷиҳати дигаре, ки ба рушди варзиш мусоидат мекунад,  ин пайваста мулоқот намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо беҳтарин варзишгарону мураббиёни ҷумҳурӣ, иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо бахшида ба Иди Наврӯз ва Рӯзи ваҳдати миллӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳру навоҳии мамамлакат ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд, аз таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳанд. Ҳамчунин, барои оммавӣ  гардонидани варзиш дар кишвар ҳамасола Рӯзи дави миллӣ ва Рӯзи олимпӣ гузаронида мешавад.

Хизматҳои шоён ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 барои тавсеи ҳаракати олимпӣ бо Ордени Тиллоии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, барои хизматҳои мондагор дар рушди варзиш дар кишвар соли 2009 бо Ордени Шӯрои олимпии Осиё ва «Медали тиллои FIAS» (Федератсияи байналмилалии самбои ҳаваскорӣ) қадрдонӣ шуданд. Воқеан ҳам,  яке аз омилҳои муаррифии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ варзиш аст. Варзиш солимии ҷомеа ва қосиди сулҳу ваҳдат буда, саломатии ҷомеа  неруи тавонои давлат аст.

 

Абдусамад Махсумов,

ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаи

таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш