Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонмардию лутф аст одамият

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 919        Шарҳ: 0

 

Агар ба адабиёти ғанию пурбори аҷдодонамон назар андозем, мебинем, ки мутафаккирони гузаштаи мо ба паҳлуҳои гуногуни тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ додаанд.

Дар асри 11 Унсурулмаолии Кайковус барои тарбияи фарзандаш Гелоншоҳ китобе навишт, ки дар байни ҳаводорони панду ахлоқ ҳамчун «Насиҳатнома» ё «Қобуснома» машҳур аст. Баъдтар ин мавзӯъро Саъдии Шерозӣ пайгирӣ намуда, дар асарҳои безаволаш «Гулистон» ва «Бӯстон» ба беҳтарин шева панду ахлоқи ҳамидаро тараннум кард. Ӯ хислатҳои беҳтарини инсониро ситоиш намуда, одатҳои бадро зери тозиёнаи танқид мегирад. Оқибати зараровари амалҳои аҳриманиро бо ҳикояву мисолҳо исбот менамояд. Ба қавли шоири насиҳатгӯ, инсон ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан бояд зебо бошад:

Сурати зебои зоҳир ҳеч нест,

Эй бародар, сирати зебо биёр.

Одамиро ақл бояд дар бадан,

В-арна ҷон дар колбад дорад ҳимор.

Шоири абадзинда дар як қитъааш ҳушдор медиҳад, ки одамӣ ба донишу рафтори хубу сухани хуб аз ҳайвон фарқ мекунад:

Суде накунад фарохнои бару гӯш,

Гар одамиӣ, ақлу ҳунар парвару ҳуш.

Гов аз ману ту фарохтар дорад чашм,

Хар аз ману ту дарозтар дорад гӯш.

Панду насиҳатҳои Саъдии Шерозӣ чунон машҳур гаштаанд, ки ҳар як шахси бомаърифат дар базму тӯю нишастҳои фарҳангӣ барои исботи фикрҳои худ аз эҷодиёти ин шоири шаҳир пораҳои шеърӣ мисол меорад. Мавзӯи «инсони асил» яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Саъдӣ мебошад. Дар яке аз ғазалҳояш, ки ба радифи «одамият» анҷом меёбад, хислатҳои беҳтарини инсониро чунин ба қалам додаст:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият,

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб аст ҷаҳлу зулмат,

Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият.

Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,

Ҳама умр зинда монӣ ба равони одамият.

Ин мавзӯъ дар ҷои дигари эҷодиёти Саъдӣ ба шакли дигар ифода ёфтааст. Шоир қайд мекунад, ки инсон бояд дорои фазлу дониш бошад. Инсон танҳо бо зебоии ботинӣ инсони асилу ҳақиқӣ шуда метавонад, вагарна сурати дар девор тасвиршудаи одам низ гӯшу чашму бинӣ дорад. Мумкин нақши инсони дар девор тасвиршуда аз одами зинда зеботар барояд. Лекин ӯ сухан намегӯяд, ақлу дониш надорад, хубӣ карда наметавонад. Инсони ҳақиқӣ он аст, ки ба рафтори хуб, гуфтори хуб дошта, ба одамон ёрӣ расонад:

Ҷавонмардию лутф аст одамият,

Ҳамин нақши ҳаюлоӣ напиндор.

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,

Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор.

Мавзӯи одамият ва инсони ҳақиқӣ дар эҷодиёти шоири хушном Тошхӯҷаи Асирӣ низ хеле дилписанд таҷассум ёфтааст. Дар шеъри «Одамият чист?» Асирӣ масъулияти инсонро дар ҷомеа таъкид мекунад:

Одамият чист? Худро дур аз шарр доштан,

Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.

Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом

В-аз чароги сидқ хотирро мунаввар доштан.

Мавзӯи панду ҳикмат дар адабиёти китобӣ ва даҳонии халқи тоҷик мавқеи бузургеро ишғол менамояд.

Латофат ҒУЛОМОВА,

омӯзгори коллеҷи тиббии  шаҳри Бохтар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш