Нашрияи Омӯзгор

Варзишгари машҳур дар ВМКБ

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон Ёдгор Файзов муовини раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро (соли 2016) Дилшод Назаровро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ раиси вилоят аз дастгириҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сохтмони майдончаҳои варзишӣ изҳори сипос намуд. Номбурда қайд кард, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд ҷавонони вилоят соҳиби майдончаҳои варзишии замонавӣ гардидаанд. Дар суҳбат баҳри беҳтар намудани соҳаи варзиш дар вилоят андешаҳои судманд баён дошта шуданд.  Дилшод Назаров, ҳамчунин, бо хонандагони таълимгоҳҳои шаҳри Хоруғ вохӯрда, оид ба варзиш суханронӣ намуд.

  Ҷ.Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш