Нашрияи Омӯзгор

«Куруши Кабир» муаррифӣ шуд

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб муаррифии асари тозанашри нависандаи шинохта Аҳмади Иброҳим зери унвони «Куруши Кабир» баргузор гардид. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён дар ҳамоиш гуфт, ки китоби «Куруши Кабир» чун дигар асарҳои муаллиф аз лиҳози воқеаву рӯйдодҳо бар асоси маводи таърихӣ навишта шуда, саргузашти куҳани гузаштагони моро бо бадеияти баланду ҷолиб тасвир кардааст. Як нуқтаро бояд қайд кард, ки қаҳрамони асосии асар Куруши Кабир ба сарзамини Осиёи Миёна, хусусан, ба Суғду Истаравшан, Балху Бохтар ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа таваҷҷуҳи хосса дошт. Бинобар ин, дар наздикии Истаравшан шаҳре бо номи Курушкада бунёд карда буд.

Қурбоналӣ САФАРАЛИЕВ,

саркитобдори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон  ба номи Садриддин Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш