Агар дар ноҳияи Ховалинг дар бораи беҳтарин ва маҳбубу маъруфтарин муаллимони деҳот сухан равад, дар шумори аввалинҳо ному насаби омӯзгор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди ҳазорон шогирди болаёқату номбардор, муаллими соҳибмактабу нексиришт Воҳид Тешаев ба забон гирифта мешавад. Қаҳрамони мо имрӯз устоди мактаби деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг аст.
Ӯ дар мактаб ҳамаи фанҳои таълимиро хуб аз худ мекард, аммо таърихро бештар дӯст медошт. Дар таъсиси осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии мактаб ва ковишҳои бостоншиносӣ фаъолона ширкат меварзид.
Банда солҳои зиёд сарварии мактаби деҳаи Доробии ноҳияи Ховалингро бар уҳда доштам. В. Тешаев ҳамчун шогирди вафодор дар ташкил кардан ва рушди осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии мактаб, ки онро солҳои баъд ба осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳиявӣ табдил додем, саҳми зиёд гузоштааст. Соли 1989 бо ташаббуси Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Кумитаи комсомол ва Бунёди фарҳанги Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти озмун осорхонаи ташкилкардаи мо ба гирифтани ҷои аввал, мактаби №82-и шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойи дуюм ва таълимгоҳе аз шаҳри Конибодом ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Воҳид Тешаев соли 1981 баъди омодагиҳои зиёд ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) супорид. Вақте ки дар курси дуюм таҳсил мекард, дар доираи таҷрибаи бостоншиносӣ зери роҳбарии бостоншиноси намоён В.А. Ранов дар мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг ба таҷрибаомӯзӣ оғоз намуд.
Номбурда пас аз хатми донишгоҳ соли 1989 дар мактаби деҳаи Токак кор карда, аз соли 1990 то ба имрӯз дар мактаби деҳаи Доробӣ фаъолияти хешро ба ҳайси омӯзгор пеш мебарад. Воҳид Тешаев дар ҳақиқат, омӯзгори донишманд, нексиришт, дурандеш, ҳалиму меҳрубон, ташкилотчии моҳир, падари фарзандони хуштарбияи намуна, марди меҳнатӣ, боғпарвари беҳамто, варзишгари маъруф ва дар маҷмӯъ, олиму фозил ва соҳибэҳтирому соҳибмактаб мебошад. Мавсуф бо дасту дили гарм ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохтааст.
Солҳои зиёдест, ки раисии кумитаи маҳалларо ба уҳда дошта, дар ободонию созандагии деҳу диёр, аз ҷумла, обёрии кӯчаҳои деҳа, сохтмони пулҳо дар қисми болову поини рӯди канори деҳа саҳмгузорӣ менамояд. Мудом ба камбизоатону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунад.
Омӯзгори заҳматқарин заминдору боғдор ва занбӯрпарвар низ ҳаст. 3 га замини кишти ғалладонаву боғдорӣ ва зироаткорӣ дошта, ҳамчунин, дар яке аз гӯшаҳои дар вақташ бекорхобида боғе бунёд намудааст. Аз қитъазамини назди ҳавлигияш низ самаранок истифода мебарад.
Чанде пеш ба аёдати модари Воҳид Тешаев омадем. Чун ба ҳавлӣ ворид гаштем, муаллимро дидем, ки дар тан либосҳои махсуси занбӯрпарварӣ ба нигоҳубину ғизодиҳии занбӯрҳо машғул буд. Моро дидан замон бо чеҳраи кушода ба пешвозамон баромад.
Суҳбатамон дар мавзӯи мактабу шогирдон авҷ гирифт. Бароям аҷиб буд, ки дар пурсишу суолҳои ман Воҳид Тешаев агар каме ба фикр фурӯ мерафт, кампири модараш дарав ёрӣ мерасонд. Маълум гашт, ки бибии Мушкинисо ҳамаи шогирдони фарзандашро ном ба ному насаб ба насаб медонад.
Чун сухан дар боби ковишҳои бостоншиносиву Кӯлдара ба миён омаду Вадим Александрович Ранов – кошифи ин ёдгории бузурги таърихӣ ба ёд омад, кампири Мушкинисо бо табассум иброз дошт:
- Падарашон, зиндаёд Маҳмадуллои Теша 3,5 сол дар хизмати аскарӣ дар Россия буду забони русиро оби равон «воре» медонист. Вақте ки Рановро бори аввал ба хонаи мо даъват карда, ба меҳмонӣ овард, ин олими бостоншинос аз хунукиву носозгориҳои шароити зист бемор шуда буд. Отаи Сайтоҷ (модар шавҳарашро бо номи писари калонияш ҳамин тавр ном мегирад) даррав вазъияти беморро фаҳмида, фармуд, ки алафи тахач биёрему аз пусти анор чой дам кунем. Мӯйсафеди мо базӯр, бо хандаву шӯхиҳои хоси худаш, бо забони русӣ суханкунон ба Ранов тахаччой ва баъдтар чой аз пӯсти анорро нӯшонд. Олим ҳарчанд «не, не» мегуфт, пиракии мо ӯро бо усули бобоӣ табобат намуд. Муолиҷаи мазкур фоида кард, бостоншинос аз саҳар то бегоҳ истироҳат намуда, шифо ёфт. Хӯрокхӯр шуд…
Модари муаллим табассум дар лаб боз илова намуд:
- Дар ҳамин ҷо қиблагоҳ устохона дошт ва шишта оҳангарӣ мекард. Азбаски дар таҳдашти ин диёр шоликориву деҳқонӣ дар авҷи аъло расида буд, хидмати мардумро дар бобати сохтани асбобу анҷоми рӯзгору деҳқонӣ ҳамин кас ба ҷо меовард. Оҳани сипору белу каланд, табару теша, қулфу корду қайчӣ ва дигар лавозимотро месохту эҳтиёҷоти мардумро мебаровард. Дар ин деҳаи бобаракат ҳунармандон зиёд буданд, - гӯён пиёлаи чойи дасташро ба замин гузошта, суханашро идома дод кампир:
- Усто Мирзо, усто Раҳматхӯҷа, усто Абдураҳмон, усто Мирҷон, усто Сӯфӣ, Сафаралӣ устоҳои чирадаст буданд. Аз миёни ҳунармандони қаламкашу нақшдӯз модари шумо-бибии Мавҷигул, ки даҳҳо намуд нақши сару либос, рӯйҷову чодар медӯхт, низ ҳунарманди нотакрор буд. Барои мани қадрас ҳам чодар ва куртаи чакани арӯсӣ дӯхта буд, ки ман бо ин нақши дастони дӯзандаи моҳир ифтихор доштам. Модаратон на танҳо тарроҳу чакандӯзу гулдӯз, балки маҳфилорои маъракаҳои бонувон буд. Пайваста меҳнат мекарду иродаи мардона дошт. Ӯро барои як некияш мӯйсафеди мо «апаи қиёматӣ» гирифта буд. Мегуфт, ки аз сад мард дида, ӯ мардтар аст. Соле, ки додарам-Қурбонхонро хонадор мекард, дар нарасидани маблағе дармонда, ба чанд марди пулдор муроҷиат намуд, вале онҳо дастгирӣ накарданд. Кампири ҳунарманд - модари шумо ҳоҷати ӯро адо кард. Қурбонхон хонадору фарзандор шуд. Ҳар се даргузаштанду маҳсули ҳунару некӣ дар ёдҳо монд…
- Сад шукри Сардори давлат ва ин рӯзгори осуда мекунем, ки имрӯзҳо ҳунарманду китобхону китобдор ва умуман, аҳли ҷомеа ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддист. Пас аз чанд сол натиҷаи ин амалҳои некро мебинем, - гӯён модари муаллим Воҳид Тешаев сухани хешро ба поён расонд.
Дар воқеъ, зиндагиномаву фаъолияти муаллим Воҳид Тешаев ибратбахш буда, соҳибмактабии вай дар ҷои аввал меистад.
Амир Сайиди Мункӣ,
адиб, узви Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр