Нашрияи Омӯзгор

Арсаи бавусъати фаъолият

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор дар ҳамаи давру замонҳо байни мардум  обрӯю эътибори баланд дорад. Зеро  ӯ дар баробари падару модар  дар парваришу тарбияи фарзанди инсон  нақши калон мебозад. Омӯзгороне ҳастанд, ки танҳо бо тарбияи наврасон қаноат накарда, ба тоифаҳои  гуногуни мардум роҳнамоӣ мекунанд ва чун машъали фурӯзон роҳи ҳаёти аҳли ҷомеаро равшан месозанд.

Аз зумраи  ҳамин гурӯҳи омӯзгорон аст Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи маорифи Тоҷикистон, собиқадори меҳнат  Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод, ки  беш аз 60 соли умри бобаракати худро  дар  роҳи маърифати мардум сарф кардааст.

Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод дар деҳаи дурдасти кӯҳистонии Панҷакенти  бостонӣ - Шашкат, дар оилаи деҳқон ба дунё омада аст. Аз хурдсолӣ ба омӯхтани дониш рағбати зиёд дошт ва тамоми умр ҳамин тавр монд. Ҳамин шавқу рағбати зиёд ба донишомӯзӣ буд, ки баъди ба поён расонидани таҳсил дар мактаби  деҳа  ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри  Панҷакент, ки дар солҳои  50-и асри гузашта  аз номдортарин таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, дохил мешавад ва аз устодони маъруф Қутбиддин Раззоқов, Абдуҷаббор Шарифзода, Алибой Ҷӯраев, Баҳром Рофиев, Отақул Низомов, Низомиддин Сироҷиддинов, Асадулло Усмонов ва дигарон  сабақ мегирад.

Дар ташаккули маънавии Хоҷаму-ҳаммади  Муҳаммадзод ҳамчун омӯзгор Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе низ мусоидат намуд. Дарсҳои  донишмандони маъруф Носирҷон Маъсумӣ, Холиқ Мирзозода, М. Исматуллоев, А. Эшонҷонов меҳру муҳаббати  ӯро ба пешаи омӯзгорӣ ва  ба забону адабиёти  бостонии тоҷик афзун намуданд. Пас аз хатми донишгоҳ ба омӯзишгоҳе, ки таҳсил карда буд, омада ба омӯзгорӣ машғул шуд ва то  имрӯз дар он ҷо ба таълиму тарбияи  донишҷӯён машғул аст. Дарсҳои ӯ  қолабиву маъмулӣ нестанд ва бо баёни маводди китоби дарсӣ маҳдуд  намешаванд. Ӯ дар дарсҳои шавқовари худ  бештар аз  навтарин  тадқиқот истифода намуда, саъй мекунад, ки моҳияти мавзӯъро  бо дарки  шахсии худ, бо эҳсосоти самимӣ ва  бо мисолҳо аз ҳаёти  рӯзмарра  баён созад. Аз ин ҷост, ки дарсҳои  ӯ хеле шавқовар буда, донишҷӯёнро мафтун менамоянд.

Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод танҳо бо соатҳои дарсӣ  қаноат намекунад. Берун аз дарс бо донишҷӯён  суҳбатҳо меорояд, онҳоро ба зодгоҳи Одамушшуаро мебарад ва ё ба шаҳрҳои Бухорову  Самарқанд сафарҳо ташкил намуда, донишҷӯёнро бо  ёдгориҳои  таърихиву адабии ниёгон, ба хусус, устод Рӯдакиву Сомониён ошно месозад.

Хислати  муҳимми омӯзгории Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод, ки дар омӯзгорони дигар камтар ба назар мерасад, эҷодкории ӯст. Ӯ на танҳо дарсҳоро эҷодкорона мегузаронад, балки  худ ба таҳқиқу эҷод машғул аст.  Ӯ дар бораи адибони зиёди  гузаштаву имрӯзаи тоҷик мақолаҳои  илмиву оммавӣ навиштааст.  Таваҷҷуҳи ӯро, пеш аз ҳама, осори  устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷалб нмудааст. Дар бораи  андешаҳои ахлоқиву иҷтимоии шоир ва забони осори ӯ Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод беш аз даҳ мақола дар нашрияҳои гуногуни  ҷумҳурӣ ба табъ расондааст. Ӯ аз ҳар  таҳқиқоти тозае, ки дар рӯдакишиносӣ чи дар ҷумҳурӣ ва  чи дар хориҷи кишвар анҷом меёбад, огоҳӣ ёфта, назари худро ба онҳо баён мекунад. Вақте ки соли 2008 ба муносибати 1150-солагии устод Рӯдакӣ ду  ҷилди аввали  «Донишномаи Рӯдакӣ» чоп шуд, Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод аз нахустин касоне буд, ки нисбат ба ин асар ҳамчун аввалин донишнома дар бораи адибони тоҷик изҳори назар намуда, барои  ҷилди савуми он мақолаҳои худро пешниҳод намуд, ки   нашр шуданд.

Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод муаллифи чандин китоб, мисли «Абадияти умр», «Носирҷон Маъсумӣ»,  «Шоири миллат»,  «Ман намемирам»,  «Забони осори  Рӯдакӣ», «Ваҳдат – ҷону мадори миллат», «Хуршеди олами ислом», «Нолаҳои булбули Шероз», «Суханвари инсонгар», «Панди пирони хирад» ва ғайра мебошад, ки ҳар кадом ба  корнамоии фарзандони барӯманд ва масъалаҳои умдаи адабиёти тоҷик бахшида шудаанд.

Дар мақолаҳои зиёди Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд, муҳимтарин мавзӯъҳои осори адибони маъруфи дирӯзу имрӯзи тоҷик баррасӣ шудаанд. Дар мақолаҳои  ӯ, ҳамчунин, тавсифи ҳаёт ва эҷодиёти Бобоҷон Ғафуров,  Носирҷон Маъсумӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Шарофиддин Рус-тамов, Субҳон Атобуллоев, Умарбек Султонов ва амсоли онҳо ба  қалам дода шудааст.

Дар  як зумра мақолаҳои ин марди хирад масъалаҳои муҳимми ахлоқӣ мисли худшиносиву худогоҳӣ, омӯзиши илму дониш, дӯстиву бародарӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бо сабки содаву равон баён шудаанд.

Дар мақолаҳои худ  Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба саъй менамояд, ки масъалаҳои ахлоқии осори адибонро  пайваста бо ҳаёти имрӯза  мавриди баррасӣ қарор диҳад. Масалан, дар мақолаи «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт» пас аз таҳлили шеъри маъруфи  устод Рӯдакӣ онро ба вазъи имрӯзаи кишвар вобаста намуда, ҳодисаҳои  дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Рашт ба амал овардаи  гурӯҳҳои ифротӣ ва  шикаст хӯрдани онҳоро  далел овардааст ва таъкид намудааст, ки «шеъри Рӯдакӣ куҳнашавӣ надорад ва инъикоскунандаи  воқеоти  ҳар давру замон мебошад.»

Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод шахси хушгуфтору хушрафтор ва ҳалиму хоксор аст. Ӯ ҳамеша бо маслиҳату машварати худ  ба корафтодагон дар ҳалли мушкилоташон мадад мерасонад.    

Мунтахаби мақолаҳои илмиву оммавии Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод дар  ду ҷилд таҳти унвони  «Зи ҳар хирмане хӯшае» ба нашр расидааст, ки беҳтарин навиштаҳои  ӯро дар бораи масъалаҳои гуногуни адабиёти гузаштаву имрӯзи тоҷик, рӯзгору корнамоии арбобони барҷастаи илму фарҳанг дар бар мегиранд. Дар охири ҷилди дувум, ҳамчунин, меҳрномаи  ҳамкорону шогирдон ба ин омӯзгори хирадманд ва инсони наҷиб ҷой дода шудааст.

Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод аз зумраи он омӯзгоронест, ки бо дарсҳои  ҳакимона,  асарҳои  дилпазир ва рафтори шоистаи худ насли наврасро ба  роҳи росту дурусти зиндагӣ  роҳнамоӣ мекунанд. Ба  омӯзгори хирадманд Хоҷамуҳаммади  Муҳаммадзод, ки ба синни мубораки 85 расидааст, хушрӯзиву тансиҳатӣ орзумандем.

 

Мирзо Муллоаҳмад,

узви вобастаи АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш