Нашрияи Омӯзгор

Қитъаи таҷрибавӣ дар мактаб

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Дар робита ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» омӯзгори биологияро мебояд, ки ҳама талошашро ба харҷ диҳад, то дарси биология ҷолибу хотирмон гузарад. Ӯ метавонад машғулиятҳоро дар қитъаи замини таълимию таҷрибавии назди мактаб ва бо истифода аз васоити гуногуни аёнӣ гузаронад. Бояд дар ҳар як муассисаи таълимӣ барои дарси биология қитъаи замини таълимию таҷрибавӣ мавҷуд бошад. Мутасаддии аслии он омӯзгори биология ба ҳисоб меравад. Дар он муаллим бо шогирдон дар растаниҳои гуногун таҷрибаҳои биологӣ гузаронда, мушоҳидаҳояшонро дар дафтарҳои махсус қайд мекунанд. Барои гузаронидани корҳои таҷрибавӣ дар қитъаи замин мувофиқи нақшаи тақвимӣ дар моҳи январ корҳои амалӣ, аз қабили сабзиши тухм, нешзании он ва ғайра рост меоянд. Ин ба салоҳияти омӯзгори биология вобаста буда, ӯ метавонад ҷойи корҳои таҷрибавию амалиро иваз кунад, ё ин ки аз ҳисоби дарсҳои ҷамъбастию такрорӣ дар аввали фасли баҳор гузаронад. Бояд қайд кард, ки хонандагон дар ин гуна қитъаҳои таҷрибавӣ бо завқу шавқи зиёд кор мекунанд. Масалан, заминро нарм ва аз алафҳои бегона тоза мекунанд, ҷӯйборҳо мебароранд, хулоса, меҳнати ҷисмонӣ мекунанд. Тарзи тухмпошӣ, нигоҳубини растаниҳоро ёд мегиранд. Назорат мебаранд, ки барои неш задану сабзиши тухм кадом омилҳо таъсир мерасонанд ва нишондодҳояшонро дар варақаҳои махсус навишта, ба шоху пояи растаниҳои мушоҳидашаванда насб менамоянд. Дар ҷараёни кор меъёрҳои обдиҳӣ ва тарзи истифодаи порую нуриҳои минералиро аз худ менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар гирду атрофи поя ва решаи дарахтон андохтани пору ва нуриҳои минералӣ кори нодуруст аст. Зеро решаи дарахтон ба андозаи шохаҳояшон афзоиш ёфта, дар замин хеле паҳн мешавад. Аз ҳамин сабаб, кишоварзони таҷрибадор дуртар аз пояи дарахт заминро 20-30 см кофта, бо риояи меъёр нуриҳои минералиро таги хок менамоянд. Он нуриҳо бо таъсири об ҳал шуда, ба воситаи мӯякрешаҳо ҷаббида мешавад. Инчунин, барои сабзишу нашъунамои чашмгири растаниҳо, ба ғайр аз об, пору, нуриҳои минералӣ, инчунин, шунавонидани мусиқиҳои форами классикӣ, овози парандаҳо низ аҳамияти калон дорад. Зеро дар таҷриба собит шудааст, ки овози мусиқӣ ба инкишофу мевабандии онҳо таъсири мусбат мерасонад. Инро пеш аз ғизо додан, яъне, пеш аз обдиҳӣ ва порую нуридиҳӣ ба анҷом мерасонанд. Омӯзгори биология бояд аҳамияти ин усулро низ ба хонандагон фаҳмонад. Ҳамчунин, омӯзгор метавонад бо хонандагон дар тубакҳо тухми помидор, карам, бодирингро барвақттар корида, сипас, онҳоро дар қитъаи таҷрибавӣ кӯчат намояд ва раванди афзоишашонро назорат кунанд. Мо бо истифода аз ин равишҳо дар хонандагон мулоҳизакорӣ, завқи баланди табиатдӯстӣ, парвариш ва муҳофизати растаниҳоро бедор месозем. Инчунин, наврасону ҷавонон заҳмати деҳқононро дар парваришу ғунучини меваю сабзавот ҳис намуда, меҳнаташонро қадр мекунанд.

Баҳодур ЗИЁЕВ,

омӯзгори химия-биология,

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш