Нашрияи Омӯзгор

Дастури пурарзиш

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Китоби нави олими маъруфи тоҷик, доктори илми психология, профессор Р. Атохонов (дар ҳаммуаллифӣ бо олимони рус Е.Л. Дотсенко ва О.С. Андреева) ба нашр расид. Он аз панҷ фасл иборат буда, барои донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ таълиф гардидааст ва масоили мубрами донишҳои психологиро аз ҷиҳати назарӣ ва амалии таълиму тарбия баррасӣ менамояд.

Дар фасли аввали китоб, ки «Психологияи илмӣ, ҳаётӣ ва амалӣ» номгузорӣ шудааст, маъноҳои гуногуни истилоҳи «психология», муносибати психологияи илмӣ ва ҳаётӣ, феноменҳо (падида)-и объективӣ ва субъективии дақиқ, маънидодкунии масъалаҳои таълимии стратегӣ, мавқеи хоссаи психология дар низоми илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ, коркарди соҳаҳои асосии психология дар доираи фаъолияти мутахассисони касбӣ бо мисолу далелҳои дақиқ тавзеҳ ёфтаанд.

Фасли дуюми китоби дарсӣ «Психология ҳамчун фаъолияти касбӣ» ном дошта, шарҳи масъалаҳои заминаҳои маромдории касби психолог, асбобу воситаҳои таълимии психолог, намудҳои асосӣ ва мураттабсозии фаъолияти касбии психологро дар бар мегирад.

Фасли сеюми китоб - «Заминаҳои дохилишахсии фаъолияти касбии психолог» ба ҳаллу фасли масоили умдаи худшиносӣ ва ҷаҳонбинии касбӣ, мавқеъ, сифатҳои муҳим ва марҳилаҳои ташаккули касбии психолог бахшида шудааст.

Ташкилотҳои касбии психологҳо ва талаботи ахлоқӣ нисбат ба мутахассисони соҳаи психология аз масъалаҳои муҳими рӯзмараи фасли чаҳоруми муқаддимаи психология - «Психологҳо ҳамчун ҷамъияти касбӣ» ба шумор мераванд.

Фасли панҷуми китоб перомуни мавзӯи «Ташкил кардани кор оид ба тайёр намудани психологҳо» баҳс мекунад ва масъалаҳои таърихи ташаккули мантиқии психология, хусусиятҳои тайёр кардани психологҳо, омода сохтани ҳуҷҷатҳои банизомдарории фаъолияти психологҳо, нақшаи таълимии ихтисоси психология, нақшаи таълимии хадамоти психологӣ дар соҳаи маориф, нақшаи таълимии ташкилотҳои марбут ба психология, нақшаи таълимии психологияи клиникӣ, нақшаи таълимии психологияи ҳуқуқ, натиҷагирӣ аз иҷрои корҳои курсии донишҷӯён ва хатми мактаби олиро фаро мегирад.

Қисмати «Супоришҳои амалӣ» китоби дарсиро боз ҳам мукаммалтар сохтааст. Доир ба мавзӯъҳои ташхис ва санҷиши дараҷаи дониши шогирдон тибқи иншо ва тадбирҳои таҳлилии он, коркарди натиҷаҳо дар гурӯҳҳои кории виртуалӣ дар китоб бобҳои алоҳидаи амалӣ пешниҳод карда шудаанд.

Дар охири китоби дарсӣ баҳри содаю фаҳмо гардонидани натиҷагириҳои мантиқии проблемаҳои мавҷудаи психологӣ бо теъдоди ҳафт масъалаи зарурии мушаххасгардонӣ замимаҳои контент-анализ (техникаи баёни хулосаҳои аз таҳлили матн бадастомада), методикаҳои проективӣ, стандартҳои ахлоқии психологҳо, кодекси ахлоқ ва амалияи маслиҳатдорон пешниҳод шудаанд. Луғати тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ оид ба сифатҳо ва хислатҳои шахс замимаи дигари ин китоби пурмуҳтавост.

И. ДАВЛАТШОЕВ,

номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш