Нашрияи Омӯзгор

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун!

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Номгузорӣ ба фарзанд орзую умеди ҳар як падару модар мебошад. Чунонки бузургон гуфтаанд, номи зебои пурмаъно - нисфи ҳусн. Маълум аст, ки шоирону нависандагон, умуман, аҳли эҷод ба ғайр аз ном боз ба худ тахаллуси шоирӣ мегиранд, ки ин аслан ба истеъдод, ҳиссиёт ва рафтори онҳо вобастагии калон дорад.

Деҳаи зебоманзару дилоро ва хушбоду ҳавое, ки ман дар он зиндагӣ дорам, аз пойтахти кишвар дар масофаи тақрибан 250 км дурӣ ҷойгир шудааст. Марди сергапе бо номи Сангак ба одамон ба ҷойи номи аслии худашон, ки падару модар бо сад умеду орзу ба онҳо лоиқ донистаанд, лақаб мегузорад.

Ин мард бо номи иловагии гузоштааш ба дигарон, онҳоро мазоҳу масхара карда, бо шавқ дурудароз механдад. Ҷавонони деҳа ба рафтори ба шаъни инсон номуносиби акаи Сангак тоқат накарда, ба худи ӯ “Маҷнуни деҳа” лақаб гузоштанд. Сангак ин лақабро шунид, вале ба ӯ хуш наомад. Ӯ ба ин гурӯҳи ҷавонон дар ғайбашон дашномҳои қабеҳу носазо медод. Ҷавонон норозигии ӯро пай бурда, ба ӯ лақаби мувофиқтар - «раққос” гузоштанд.

Мувофиқ ба хислатҳои ӯ, ки дар вақти суҳбат ба ягон шахс дар маъракаҳо бисёр ба шахсе ишоракунон “дастак” мезаду беист сухан меронд, ӯро “раққос” номгузорӣ карданд.

Акаи Сангаки раққос ин лақабро ҳам написандид ва бо қаҳру ғазаб носазо гуфт:

Зоғ чун фориғ зи бӯи гул бувад,

Нафраташ аз суҳбати булбул бувад.

Яке аз мардони деҳа, ҷаҳондида ва бомаърифат ба Сангак ҳамсуҳбат шуда, аз ӯ мепурсад: “Сангакҷон, барои чӣ ба шумо ин лақабҳои ниҳодаи бачаҳо писанд нест?”

- Ана, бинед, бачаҳо маро мазоҳу масхара намуда, аз ин кор лаззат мебаранд.

Ин мард, ки омӯзгори пуртаҷриба буд, ба ӯ гуфт: “Ту ҳама ашхоси аз худ хурд ва бузургро лақабгузорӣ мекунӣ, пас, ин ба фикри ту писанди эшон мешавад? Илова бар ин, ба онҳо тамасхур карда, аз наздашон мегузарӣ ва дар назди дигарон ба иззати нафсашон мерасӣ. Даме фикр кардӣ, чӣ тавре ки ҳазлу шӯхиҳои бачаҳо ба ту маъқул намешаванд, албатта, шӯхию лақабгузориҳо ва мазоҳбозии бардавоми ту ҳам ба онҳо писанд намеояд?”

- Чаро ба ҳазлу шӯхии дигарон тоб наоварда, гапҳои дағалу носазо гуфта, онҳоро дашном медиҳӣ?

Сангак аз мисолҳои мушаххасу бодалели муаллим маъюс гашта, аз амали худ пушаймон шуда буд, вале хеле дер.

Дар ин бобат Шайх Аттори Нишопурӣ неку фармуда:

Хотири касро маранҷон, эй писар,

В-арна хӯрдӣ захм бар ҷон, эй писар...

Қуввати некӣ надорӣ, бад макун,

Бо вуҷуди худ ситам беҳад макун.

 

Бекназар ХУДОЙНАЗАРОВ,

омӯзгори собиқадори

мактаби №15-и  ноҳияи Дарвоз


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш