Нашрияи Омӯзгор

Васоити аёнӣ ва аҳамияти он дар раванди дарс

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 939        Шарҳ: 0

 

Истифодаи васоити аёнӣ дар давоми дарс кори муаллимро осон ва ҳадафрас менамояд, фаъолияти хонандагонро афзуда, дар синф оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии омӯзгору хонандагонро таъмин месозад.

Аёният бояд тавре омода карда шавад, ки ба кӯдак фаҳмо бошад, ӯро ба фикрронӣ водор созад. Дар ҳолати душвор ё нофаҳмо будани мавод омӯзгор бояд усули фардии омӯзишро амалӣ намуда, аз фикрронии озоду мустақилонаи кӯдак истифода барад.

Истифодаи варақа, ки дар он амали иҷрошаванда ифода ёфтааст, яке аз усулҳои маъмултарини таълим мебошад. Варақа бо вуҷуди гуногунмазмун буданаш, шаклан якхела мебошад. Он аз коғаз ё картон сохта мешавад. Барои синфҳое, ки дар он хонандагони дорои имконияти маҳдуд таҳсил намуда, бо системаи “Брайл” машғулият мегузаронанд, варақаҳо аз коғази нисбатан ғафс, картон ё полиэтилен сохта мешавад. Барои сохтани ин гуна аёният резинаи яклухт ё асбобҳои “Гебел” лозиманд. Ба кӯдаконе, ки қувваи ламсияшон суст аст, аз тунукаҳои сифатан хуб сохтан лозим, то ки ҳарф ё аломатҳои варақаи омоданамуда ба зудӣ суфта нашавад. Дар ин гуна варақаҳо аломат ё нишонаҳои ифодакунандаи чапу рост гузошта мешавад, то кӯдак дар муддати кӯтоҳ онро шинохта тавонад. Дар варақа амалҳо ё супоришҳоро бо рақам ё аломатҳои шартӣ ифода кардан лозим аст, то ки иҷрои он барои кӯдак душворӣ ба миён наорад, ёфтани самти чапу рости варақа осон гардад.

Аёнияти маъмулӣ барои кӯдакони нобино системаи “Брайл” мебошад, ки он аз ҳарфҳои шашнуқтадор иборат буда, дар омӯзиши математика ва дигар фанҳо истифода карда мешавад. Он дар ҳалли масъалаҳо ва мисолҳо манфиатовар буда, ба хонанда барои зуд ҳал намудани мисолҳо ёрӣ мерасонад. Барои иҷрои ин аз 5 тахтача истифода бурда мешавад. Чӯт низ аёнияти математикӣ буда, дар иҷрои амалҳои ҳисобӣ манфиати зиёд дорад. Чӯбчаҳоро низ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Ҷадвалҳои гуногуншакл, кубикҳо, фигураҳои математикӣ ва дигар ашёе, ки дар онҳо усулҳои релефӣ ва ё аломатҳои барҷастаи системаи “Брайл” ҷой дода шудаанд, баҳри татбиқи нақшаи таълимӣ хуб ва мақсаднок истифода мешаванд.

Дар раванди машғулиятҳо ғайр аз аёниятҳои зикршуда, боз дастгоҳҳои акустикӣ барои дарсҳои хониш лозим аст. Сабти садо, шунавонидани панду ривоят ва дигар хонишҳои диққатҷалбкунанда қобилияти хотиравии хонандаро афзун намуда, маҳорати суханронӣ ва сухандонии ӯро дигар месозад. Азёд намудану қироат кардани шеър ё порае аз достону ҳикояҳо аз тарафи хонанда далели он аст, ки ӯ аз дастгоҳи сабткунанда (диктафон, компютер...) хуб истифода бурдааст. Бо ин усул кӯдак хонишҳои аудиоиро гӯш намуда, азёд мекунад ва ба таври худ онро қироат менамояд. Бе аёният кори омӯзгор душвор аст, зеро аёният пулест баҳри расидан ба мақсад. Истифодаи варақа ва дигар аёният дар раванди таълим кӯдакро ба мустақилият водор месозад, ӯ ба ҳамсабақонаш дар вақти дарс халал намерасонад, супоришҳоро аз ҳамсабақонаш рӯйнавис намекунад, масъулиятшинос мешавад. Ҳамчунин, истифодаи васоити аёнӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки ба таври фардӣ амал намуда, камбудиву ғалатҳои шогирдонро мушоҳида кунад. Муаллим дар анҷоми дарс натиҷагирӣ намуда, ба корҳои ислоҳӣ омода мешавад.

Муҳайё Бӯриева,

омӯзгори мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш