Нашрияи Омӯзгор

Риёзӣ ва ҳаёту эҷодиёти шоири тавоно

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Дар бораи он ки ҳамаи фанҳо бо ҳамдигар пайванди ҳамешагӣ доранду дар ҷараёни омӯзиш яке дигареро такмил мебахшад, бисёр гуфтаанду навиштаанд. Воқеан ҳам, фанҳои таълимиро дар алоқамандӣ бо якдигар омӯхтан манфиатбахшу самаровар аст.

Ҳамгироии фанҳои гуманитарӣ - забону адабиёт, таърих… амри маъмул мебошад ва ин нуктаро вобаста ба ҳамбастагии фанҳои дақиқ - физикаю математика, химия ва биология низ метавон таъкид кард. Омӯзгорони соҳибтаҷриба метавонанд байни фанҳои гуманитарию дақиқ ҳам иртиботи ҷиддӣ ба миён оранд. Масалан, дар дарсҳои риёзӣ (математика) аз маълумот оид ба адабиёт метавон фаровон истифода кард. Ин гуна ҳамгироӣ якчанд аҳамият ва бартарӣ дорад. Он робитаи байни фанҳоро бавусъаттару ҷолибтар месозад, шавқу завқи хонандагонро ба омӯзиши риёзӣ таҳким мебахшад, дарсро шавқовар менамояд ва ниҳоят, маълумоти шогирдонро вобаста ба мавзӯъҳои алоҳидаи фанни адабиёт вусъатмандтар мекунад. Ин ҷо робитаи фанҳои риёзӣ ва адабиёти тоҷикро вобаста ба омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тавзеҳ мебахшем. Масалан, дар дарси риёзӣ зимни ҳалли мисолу масъалаҳо ба шогирдон масъалаҳои зеринро барои ҳал кардан (даҳонию хаттӣ) пешниҳод менамоем.

1. Шоири маъруф, лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 ба дунё омадааст. Устод Рӯдакӣ 467 сол қабл аз таваллуди Ҳофиз ба олам чашм кушодааст. Мувофиқи ин нишондодҳо соли таваллуди устод Рӯдакиро муайян намоед.

(Ҳал: 1325 - 467=858)

2.  Бо истифода аз маълумоти зер соли вафоти устод Рӯдакиро аниқ бикунед: пас аз ҳазор соли даргузашти устод Рӯдакӣ – соли 1941 боз ҳам дар зодгоҳи Одамушшуаро шоири дигари тавоно ва маҳбуби ҳамагон устод Лоиқ Шералӣ ба дунё омад.

(Ҳал: 1941-1000=941)

3. Дар китоби «Девони Рӯдакӣ» (таҳияи Қодири Рустам) миқдори рубоиҳои устод 36-торо ташкил медиҳад.

Маълум, ки ҳар рубоӣ аз 4 мисраъ ибрат аст. Бигӯед, ки миқдори умумии мисраъҳои рубоиёти устод Рӯдакӣ чӣ қадар аст.

(Ҳал: 36х4=144)

4. Муайян кунед, ки ибораи «сардафтари адабиёти тоҷик» аз чанд ҳиҷо иборат аст. Чун муайян кардед, он миқдорро бо миқдори ҳиҷоҳои вожаи «Одамушшуаро» илова намоед ва гӯед, ки дар маҷмӯъ чанд ҳиҷо ҳосил шуд.

(Ҳал: 11+6 = 20)

5. Соли 2018 дар Ватани маҳбубамон 1160-солагии устод Рӯдакӣ таҷлил гардид. Бар ин асос муқаррар кунед, ки сардафтари адабиётамон кай 1100-сола шуда буд. Ҷашни 1200-солагии устод Рӯдакӣ кай фаро хоҳад расид?

(Ҳал: 2018-1160=1958)

6. Китоби машҳури адабиётшиноси маъруф Абдулғанӣ Мирзоев «Абӯ Абдулло Рӯдакӣ» соли 1958 ба нашр расид. Пас аз 50 соли ин ҳодиса ба ифтихори 1150-солагии устод Рӯдакӣ китоби машҳури дигар  «Одамушшуаро Рӯдакӣ», ки ба қалами олими номвар Аълохон Афсаҳзод мутааллиқ аст, рӯи чоп омад. Соли нашри китоби дуюмро муайян намоед.

(Ҳал: 1958+50=2008)

Албатта, ин масъалаҳо як дараҷа содаву ҳаллашон осон аст, бинобар ин, омӯзгори риёзӣ метавонад онҳоро ҳамчун лаҳзаи варзиши фикр бо усули «кӣ зуд меёбад?» ба таври шифоҳӣ истифода барад. Муҳим робитаи фанҳо ва пурмазмуну фарогир баргузор намудани ҳар як дарс аст.

Шохумор ДИЛОВАРШОЕВ,

омӯзгори литсейи ДССХ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш