Нашрияи Омӯзгор

Дар хизмати мардум

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

…Ҷомаи амал пӯшидани орзуҳою ормонҳои халқамонро дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо чашми сар дида, кемаи Ҳикматамак, ки дар шеърҳои  «Кема» ва «Ёд»-ҳои  устод Қутбӣ Киром бо обуранги бадеӣ таҷҷасум ёфтааст, ба лавҳи хотирамон  мерасад.

Ҳар дафъае, ки ба деҳаи  зебоманзараи  Хушекат  сафар менамоем, дар оинаи тасаввуротамон  шеърҳои   «Кема» ва «Ёд»-и Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ҷилвагар мешавад. Воқеан, то солҳои наздик дар обрави водии Зарафшон кемаи бузургмарди покизахисол Ҳикматамак ба ҷои пули азамати имрӯза барои мардум хизмат менамуд. Лаҳзае  дар рӯи пули имрӯза истода, ба рӯди пуртуғёни Зарафшон  дида медӯзему беихтиёр байтҳои зерини устод Қутбӣ Киромро ёд меоварем:

Эй Зарафшон, магар аз дидаю аз

ёди ту рафт,

Кемаи Хушкату Ҳикматамаки

хуштадбир.

Марди  покизахисоле буду якраҳа,

аҷаб,

Ҳама як буд ба наздаш, чӣ вазиру

чӣ ҳақир…

Ҳоло аз кемаи Ҳикматамак осоре  намондааст, вале аз дидаю аз ёди мардум хизмати ҷавонмардонаи ин марди кемахудо фаромӯш нашудааст. Устод Қутбӣ Киром лаҳзаву манзараҳои аҷиби кору пайкори  Ҳикматамакро равшан тасвир намудааст:

Ин шаби базму тараб ҳам наравад

аз дари дил,

Деҳаи Хушкату Ҳикматамаки

кемахудо.

Риштаи умри чи пиру чи ҷавон

бар дасташ,

Ӯ намемонд  зи қонун ваҷабе

берун по...

Сари бардошта, бозуи қавӣ ,

риши сафед,

Буд боҷуссаю болои баландаш

қоим.

Ҳеҷ касро ба касе кор набуд дар

наздаш,

Ҳама аз домани ӯ дошта буданд

ҳалим.

Мақсаду мароми Ҳикматамаки кемахудо танҳо як чиз - хизмат ба  мардум буд. Мардуми бисёру сарсони ду тарафи соҳилро дида,  виҷдонаш намегузошт, ки ором нишинад. Ба қавли устод Қутбӣ,  Ҳикматамак бо ду дасту бозуи кавии рустамона риштаи умри пиру ҷавонро ба дастони худ кафил гирифта, сиҳату саломат ба соҳил мерасонид. Ин кори ӯ он замон  қаҳрамонӣ буд.

Ҳангоме ки шеърҳои шоирро мутолиа менамоем, эҳсоси баланди миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии Ҳикматамак баръало эҳсос мешавад:

Офтоб шиштаю амвоҷ, ки сокит

мешуд,

Ҳамаро пешу қафо бар ду тараф

мегузаронд.

Чархи кема ба кафаш чархи

Замин буд магар,

Ки варо бо равишу хоҳиши дарё

меронд.

Устод  Гулназар дар ёддоштҳои хеш менависанд, ки моҳи декабри соли 1993 дар зодгоҳи Қутбӣ - деҳаи Урметан ҷашни  60-солагии шоир баргузор гардид. Дар айни  ҷӯшу хурӯши  маърака чанд  нафар намояндагони деҳаи Хушекат омаданд  ва ба шоир хоҳиш карданд, ки пагоҳ ба деҳаи   онҳо равем. Яъне, авлоди Ҳикматамак мехоҳанд  бо шоири худ суҳбат дошта бошанд.

Ҳаво сард буд, аммо саҳни мактаби деҳа ҷои сӯзанзанӣ надошт. Навбати соҳибҷашн фаро расид. Шоир  шеърҳои «Кема» ва «Ёд» -ро хонд. Ногоҳ пиразане аз миёни издиҳом боло шуду фарёд зад:

- Дар пеши пот мурам, Қутбӣ!

Деҳаро садои кафкубӣ ва таҳсину офарингӯиҳо фаро гирифт…

Аз Ҳикматамаки кемахудо номи нек, кори нек ва фарзандони нек боқӣ мондаанд, ки давомдиҳандаи ҷодаи падари бузургворашон мебошанд.

 

Шараф БОҚӢ,

Сулҳиддин ТИЛАВОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш