Нашрияи Омӯзгор

Технологияи иттилоотӣ дар дарсҳои таълими меҳнат

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Фанни технология (таълими меҳнат) дар ниҳоди хонандагон фаҳмишҳои техникиро ташаккул дода, онҳоро бо техникаи нав, технологияҳои муосири коркарди масолеҳ, асбобу аёният ва таҷҳизот шинос менамояд. Дар раванди омӯзиши ин фан хонандагон касби ояндаи худро бошуурона интихоб намуда, ба меҳнати истеҳсолӣ машғул мешаванд.

Меҳнат дар инкишофи худмустақилии хонандагон, ташаккули фарҳанги ахлоқӣ, зебоипарастӣ ва экологии онҳо нақши муҳим мебозад. Дар айни ҳол зарурати ташкил намудани раванди таълим дар асоси технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва ба сифати сарчашмаҳои ахборӣ, бештар воситаҳои электронӣ, пеш аз ҳама, шабакаи глобалии телекоммуникатсионии интернет истифода бурда мешавад. Қисми асосии таркибии иттилоотии раванди таълимиро истифодаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаи таълимӣ ташкил медиҳад. Ин самти куллан нав дар илми педагогика мебошад. Истифодаи технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, хусусан, муаррифии мултимедӣ дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) имкон медиҳад, ки ба тарзи аёнӣ маводи таълимиро дар экрани калон ё монитор намоиш диҳем. Бо чунин роҳ схемаҳо, ҷадвалҳо ва нишондодҳо намоиш дода шуда, ҳамзамон, омӯзиши якҷоя гузаронида мешавад. Маводи санҷишӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки сифат ва сатҳи азхудкунии истилоҳу мафҳумҳоро аз ҷониби хонандагон назорат намояд. Супоришҳои дидактикиро оид ба мавзӯъ хонандагон бо шавқи зиёд бо истифодаи компютер иҷро мекунанд. Ба ғайр аз ин, вақти иҷрои супоришҳо кам шуда, ба омӯзгор имкон медиҳад, ки миқдори онҳоро зиёд намояд. Технологияи иттилоотӣ имкониятҳои навро барои таҳия намудани маводи таълимӣ барои намоиш додани онҳо, аз ҷумла, ба монанди: видеофилмҳо, слайдҳо, китобҳои электронӣ ва ғайра фароҳам меорад.

Омӯзгор метавонад дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) барои гузаронидани дарси нав, санҷиши вазифаи хонагӣ, мустаҳкамкунии мавзӯи дарс, назорат намудани хонандагон барои азхудкунии мавзӯъҳо, хулосабарорӣ ва банизомдарории мавзӯъҳои гузашта, технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсиониро истифода барад. Барои ҳар як мавзӯи таълимӣ омӯзгор бояд кӯшиш кунад, ки корҳои гуногунро интихоб намуда, тестҳо, саволҳои санҷишӣ ва вазифаҳоро дар барномаи Word чоп намуда, инчунин, тавассути онлайн саволномаҳо ё тестҳоро бо проектор муаррифӣ кунад. Бештар вақт омӯзгорон аниматсия ва моделсозиро истифода мебаранд, ки бо ин роҳ омӯзишу таълим хубтару фаҳмо ва хотирмон мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки истифода ва назорати донишҳои хонандагонро фаъол намуда, сатҳи дониш, малака, маҳорат ва устувории онҳоро баланд мебардоранд. Истифодаи компютер дар дарсҳои технология (таълими меҳнат) методи нави ташкили кори фаъоли хонандагон мебошад, ки истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар муассиса барои омӯзгорон имкониятҳои навро фароҳам оварда, барои инкишоф додани шавқу ҳаваси хонанда ба фанни таълимӣ мусоидат менамоянд.

Моҳияти методи таълими проблемавӣ дар он ифода меёбад, ки омӯзгор худ вазифаҳоро таҳия менамояд ё аз дигар манбаъ мегирад ва ба хонанда онро пешниҳод мекунад, хонанда дар навбати худ роҳи ҳалли ин вазифаҳоро ёфта, қарори ҳалли онро ба омӯзгор пешниҳод менамояд. Вазифаҳои гуногуни проблемавӣ мавқеи ҷустуҷӯи худро дорад. Дар ҳолатҳои мушкил ба хонанда кумак намудан зарур аст, лекин дар ин ҳолат хонанда бояд имкониятҳои тафаккури эҷодиро нигаҳ дорад. Вазифаҳои проблемавӣ бо он фарқ мекунанд, ки омӯзгор махсус вазъиятҳои мухталифро интихоб менамояд, то ин ки хонанда онҳоро ҳал намуда, кӯшиши бартараф карданашонро пайдо намояд. Таълими анъанавӣ одатан хонандаро бо системаи донишҳо таъмин намуда, хотираи онҳоро инкишоф медиҳад.

Дар зери мафҳуми фаъолияти тадқиқотӣ чунин шакли ташкили кор фаҳмида мешавад, ки он бо ҳалли вазифаи тадқиқотӣ аз ҷониби хонанда алоқаманд буда, ҳалли пешакии он дода нашудааст. Дар доираи корҳои тадқиқотӣ таълим ба таҷрибаи бевоситаи хонанда такя намуда, дар раванди иҷрои кор таҷрибаи пешинаи он такмил меёбад. Кори тадқиқотӣ марҳилаи аввали тадқиқоти ҳақиқӣ буда, объекти он раванди таълим мебошад. Инчунин, омӯзгор дарсҳои технология (таълими меҳнат)-ро бо адабиёт ҳамгиро намуда, дар мавзӯи «Эҷодиёти мардумӣ» бурдани корҳои тадқиқотиро супориш медиҳад. Дар натиҷаи чунин тадқиқот маълум шуд, ки хонандагон бо анъанаҳои халқӣ шинос шуда, ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ, зардӯзӣ ва чакандӯзӣ шавқу ҳавас пайдо намуданд.

Методи балоиҳагирӣ методе мебошад, ки дар раванди он хонандагон инкишофи ҳамаҷониба ёфта, қобилияти эҷодӣ ва малакаҳои худомӯзӣ пайдо мекунанд. Онҳо худро ҳамчун шахси эҷодкор нишон медиҳанд. Методи лоиҳагирӣ ҳамчун технологияи педагогӣ ба фаъолияти худмустақилии хонандагон равона карда шудааст, ки онҳо лоиҳаи додашударо дар вақи муайян иҷро мекунанд. Ташкил намудани кори лоиҳавӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки қобилиятҳои эҷодии худро сайқал диҳанд. Кор бо лоиҳа шавқу ҳаваси хонандагонро мустаҳкам намуда, дар онҳо талаботи эҷод намуданро тарбия мекунад.

Фаъолияти лоиҳавӣ имкон медиҳад, ки ба кори таълимӣ ҳамаи хонандагонро ҷалб намоем. Хонандагон дар раванди иҷрои кори лоиҳавӣ фаъолияти эҷодӣ намуда, бо омӯзгор ва бо дигар хонандагон ҳамкорӣ намуда, воситаҳои технологияи иттилоотиро истифода мебаранд.

Кори лоиҳавӣ ба тарзи зерин ташкил карда мешавад: хонандагон проблемаи рӯзмарраро, ки оид ба он фардӣ ё гурӯҳӣ кор мебаранд, муайян намуда, роҳҳои иҷрои онро ҷустуҷӯ мекунанд. Фарзияҳои худро пешниҳод намуда, нишондод-ҳои аз сарчашмаҳои гуногун гирифтаашонро муқоиса ва таҳлил менамоянд. Хонандагон хулосаҳои баровардаашонро далелнок мекунанд. Онҳоро коркард намуда, натиҷаҳои гирифтаашонро ба расмият медароранд. Хонандагон ҳал намудани вазифаҳои эҷодиро меомӯзанд. Дар ин марҳила хонандагон мустақилона барои муаррифӣ ва ҳимоя намудани лоиҳаи худ тайёрӣ мебинанд.

Ташкил намудани фаъолияти кори лоиҳавии хонандагон бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкории фаъоли хонандагонро ҳангоми коркарди лоиҳаҳои таълимӣ ва дастгирии онҳоро бо маводҳои электронӣ ба намуди муаррифӣ, нашр ва веб – сайтҳо, ки барои баҳо додани натиҷаи кори ҳар як иштирокчӣ зарур мебошад, дар назар мегирад.

 

Акобир РИОЕВ,

Гулрӯ РАҲМАТУЛЛОЕВА,

кормандони кафедраи

таҳсилоти касбии

ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш