Нашрияи Омӯзгор

Муошират дар интернет

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Бо пайдоиши интернет тарзи нави муошират руйи кор омадааст, ки онро муоширати шабакавӣ мегӯянд. Ин тарзи муошират имрӯз дар байни тамоми табақаҳои аҳолии руйи Замин, хусусан, наврасон ва ҷавонон хеле маъмул ва машҳур буда, онҳо аз он ҳар лаҳза истифода мебаранд.

Барои амалӣ гардонидани ин мақсад барномаҳои зиёде офарида шудааст, ки ҳар кадоми онҳо дар барқарор намудани тарзи муайяни муошират саҳми арзанда дорад. Бо ин барномаҳо мо шинос ҳастем.

Дар байни наврасону ҷавонон бештар барномаҳое маъруфанд, ки онҳо муоширати байни ин табақаи аҳолиро дар реҷаи вақти воқеӣ (on-line) таъмин мекунанд. Онҳо бо ёрии ин барномаҳо аз масофаҳои гуногун бо якдигар шиносоӣ пайдо намуда, мукотиба барқарор мекунанд ва ҳатто дар реҷаи онлайн тавассути дурбинҳои компютерӣ гуфтугӯи рӯ ба рӯ менамоянд.

Ҷавонон, хусусан, баъзе наврасони мактабхон ва ҳиссае аз донишҷӯёни мактабҳои олӣ ҳангоми муошират дар интернет ба дағалӣ ва беодобӣ роҳ медиҳанд. Албатта, ин тарзи муошират ва муносибат мақбул нест. Онҳо бояд дар ёд дошта бошанд, ки муоширати байнашон дар шабака амалӣ мешавад ва онро ҳар як корбари эҳтимолии шабака имкони хондан, шунидан ё дидан дорад. Шабака моли омма ва дастраси умум аст.

Азбаски муоширати шабакавӣ дар масофа баргузор мегардад, бинобар ин, имкониятҳои худидораи ҳамсуҳбатон бо якдигар баробар аст. Аз ин рӯ, ҳангоми муошират дар шабака риоя намудани меъёрҳои мукотибот ва суҳбатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш кардан лозим нест. Муоширатро тибқи одобу ахлоқи башарӣ ба роҳ мондан зарур аст, ки онро фарҳанги муоширати шабакавӣ меноманд. Фарҳанги муоширатро дар мавридҳои зерин қатъиян риоя бояд кард:

- ҳангоми муоширати онлайн (чат);

- ҳангоми кор бо почтаи электронӣ;

- хангоми иштирок дар телеконфронс.

Тарзи муошират дар чат:

- ҳангоми муҳокимаи баъзе масъалаҳо дар шабака робитаи воқеӣ барқарор намудан лозим меояд.

- низоми муоширати онлайнӣ як навъ робитаи шабакавӣ буда, ба корбарон имконият медиҳад, ки байни худ дар реҷаи вақти воқеӣ мубодилаи иттилоот намоянд.

- муошират дар чат як тарзи озод ва демократии суҳбат дар шабака аст. Қоидаҳои муошират:

- истифодаи забони гуфтугӯйие, ки аксарият бо он суҳбат мекунанд;

- пайғомҳои одӣ ва фаҳмо равон кардан;

- аз мавзӯи суҳбат беҳуда берун нарафтан;

- аз истифодаи забони кӯчагӣ ва ибораҳои қабеҳ худдорӣ намудан;

- дар мавриди писанд наомадани ҳамсуҳбат муоширатро қатъ гардонидан (яъне чатро тарк гуфтан).

Тарзи муошират дар почтаи электронӣ.

Почтаи электронӣ яке аз шаклҳои аввалини муошират дар шабака ба хисоб меравад.

Почтаи электронӣ (e-mail) гуфта, низоми мубодилаи мутобиқро байни корбарони шабакаи телекоммуникатсионӣ меноманд.

Мукотиба дар почтаи электронӣ метавонад характери корӣ ё хусусӣ дошта бошад. Қоидаҳои мукотибот:

- мақсадро мухтасар баён намудан;

- танҳо дар доираи мавзӯи муайяншуда пайғом навиштан;

- пайғомро бе ғалат навиштан;

- ба иззати нафси гирандаи мактуб нарасидан;

- нисбат ба гирандаи мактуб хайрхоҳ будан;

- дар баргардонидани ҷавоби мактуб хайрхоҳ будан;

- парвандаҳои ҳаҷман калонро пас аз бойгонисозӣ замима гардондан;

- дар интиҳои мактуб ному насаби худро (имзо) қайд кардан.

Тарзи муошират дар телеконфронс яке аз шаклҳои дигари муоширати шабакавӣ мебошад. Тарзи корбарӣ дар телеконфронс бо тарзи корбарӣ бо почтаи электронӣ монанд аст.

Телеконфрос низоми мубодилаи иттилоотӣ байни корбарони шабака дар мавзӯи муайян аст.

Ҳангоми баргузории телеконфронсҳо муошират дар шаклҳои корӣ, илмӣ, тарбиявӣ, фароғатӣ ва дӯстона метавонад амалӣ гардонида шаванд. Дар ҳар гуна ҳолат қоидаҳои зеррини муошират-ро риоя бояд намуд:

Ба андешаи ҳамсуҳбатон эҳтиром гузоштан, ҳатто агар он бо ақидаи шумо номувофиқ бошад;

- андешаи худро кӯтоҳ баён намудан;

- аз мавзӯи суҳбат берун нарафтан;

- ба ғалатҳои содирнамудаи худ иқрор шудан ;

- дурустии фикри худро исбот кардан;

- худнамоӣ накардан;

- ҳамсуҳбатонро таҳқир накардан;

- аз суҳбати ногувор сари вақт берун шудан.

 

Ҷамшед МАЛИКОВ,

омӯзгори литсейи №3

барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш