Нашрияи Омӯзгор

Қатраҳо аз садафи андеша

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  яке аз чеҳраҳои дурахшони илму адаби тоҷик аст, ки бо осори безаволу мондагораш шуҳраи олам гаштааст.  Имрӯз осори ин шоири шаҳир дар тамоми дунё бо забонҳои гуногун нашр шудаву аз серхонандатаринҳо маҳсуб меёбад, зеро доираи андешаву тафаккур ва ғояву муҳтавои ашъораш васеъ буда, барои тамоми инсоният омӯзанда мебошад. Дар кишвари мо таваҷҷуҳ ба омӯзиши осори ин нобиғаи илму хирад аз солҳои шастуми асри гузашта оғоз меёбад ва дар ин замина хидматҳои профессор, шодравон Нодир Одилов бузург аст. Маҳз ӯ бо таҳияи рисолаи пурмуҳтавои илмӣ дар доираи илмии кишвар ва барои хонандаи тоҷик ин мутафаккирро ба таври шоиста муаррифӣ кард. Ҳол он ки чанд аср пеш дар Аврупою Амрико осори Мавлоноро мутолиа мекарданду дар тарғибу муаррифии ин нобиғаи олами адаб асарҳои зиёди пажӯҳишиву таҳқиқотӣ ба нашр расида буданд. Инчунин, дар манотиқи мазкур китобҳои Мавлоно серхаридор буда, чанд маротиба «Китоби сол» эълон гардидааст.  Таваҷҷуҳи бештар ба эҷодиёти Мавлонои Балхӣ  дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сурат гирифт ва бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори оламгири Мавлоно бо теъдоди зиёд ба нашр расид. Ҳамчунин, бо ташаббуси Тоҷикистон  аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2007 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар тамоми дунё бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ин омил имкон фароҳам овард, ки ба осори ин мутафаккир аз дидгоҳи нав назар карда, андешаҳои олии инсондӯстиро дар он ҷӯё шавем. Дар ин замина асарҳои зиёди таҳқиқӣ нашр гардиданд, ки ба шинохти бештари андешаҳои фалсафӣ ва ҷаҳонбинии Мавлоно мусоидат карданд. Ҳамасола 30 сентябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Мавлоно таҷлил мегардад ва ба ин муносибат дар муассисаҳои таълимии кишвар силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва устодону муҳаққиқон баргузор мегардад.

Дар китоби пурарзиши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», ки дар бораи 25 нафар арбоби сиёсӣ ва шахсиятҳову чеҳраҳои шинохтаи олами илму адаби тоҷик сухан меравад, мақолае таҳти унвони «Пайвандгари марзҳо ва дилҳо» дар бораи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷой дода шудааст, ки дар он ба таври фарогир марҳалаҳои эҷодӣ ва осори безаволи Мавлоно мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, чеҳраи ин орифи бузург ба таври шоиста инъикос гардидааст. Дар зер чанд нуктаи ҳикматомӯзи Пешвои миллатро дар бораи Мавлонои Балхӣ пешкаши хонандагон менамоем:

 

Таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлуҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рӯзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Ба ҳамин маънӣ такя карда ва неруи фарогирандаи осори Мавлоноро ба назар гирифта, таълимоти ӯро аксари муҳаққиқон «баҳр дар кӯза» номгузорӣ кардаанд, ки ба ҳақиқати ҳол комилан мувофиқ аст.

***

Осори Мавлоно гувоҳи равшани он аст, ки ӯ оид ба масъалаҳои гуногун ибрози ақида карда, ҳатман сари мавзӯи инсон меояд. Беҳуда нест, ки баъзе муҳаққиқон ҳатто илоҳиёти мутафаккирро инсоншиносӣ ҳисобидаанд. Ҳамаи ин аз башархоҳӣ, инсондӯстӣ ва гуманизме дарак медиҳад, ки хоси тамоми қисматҳои таълимоти Мавлоно буда, то кунун қимати беандоза бузург дорад.

***

Дар шароити кунунӣ, ки дар тамоми давлатҳои мутамаддин, аз ҷумла, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инсон ва ниёзмандиҳои он дар ҷавҳари сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумат қарор гирифтааст, истифода аз ақидаҳои гуманистии Мавлонои Балхӣ ва ҳазорҳо мутафаккирони дигар, ки дар таърихи фарҳанги ниёгонамон дар радифи ӯ қарор доранд, метавонад чунин сиёсати пешгирифтаро аз ҷиҳати муҳтаво боз ҳам ғанитар гардонад.

***

Як ҷиҳати дигари таълимоти Мавлоно, ки барои ҷаҳони муосири мо ва инсони асри кайҳон ҳам то ҳанӯз муҳим аст, ин афкори ахлоқии ӯст. Мутафаккир ба бузургтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгони мо ва таълимоти мухталифи шарқиву ғарбӣ такя карда, дар осори худ чун маддоҳи некиву накукорӣ ва адолати иҷтимоӣ баромад кардааст. Некӣ, аз рӯи таълимоти ӯ, дар ниҳоди инсон фитрии модарзод аст, бояд ба ҳар сурате бар бадӣ, ки дар рафти ҳаёти иҷтимоии инсон ба вуҷуд меояд, ғалаба кунад. Барои тарбияи инсон дар рӯҳияи некиву накукорӣ ва дур сохтани ӯ аз роҳи бад бошад, мутафаккир нақши муҳит ва оиларо муҳим шумурдааст.

***

Сазовори таъкид аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фарзанди замонаш буд ва дар таълимоти ӯ воқеияти ҳамин даврон, дақиқтараш, муҳит ва шароити хоси асрҳои миёна таъсири бузурге дорад. Вале ҳамчун донишманди нобиға ӯ ба мисли мутафаккирони дигари ҳамрадифи худ масъалаҳоеро низ баррасӣ ва ҳаллу фасл намудааст, ки онҳо дар ҳар давру замон ҷой дошта, инсониятро ҳамчун мавзӯъҳои абадӣ ором намегузоранд. Имрӯз мо бояд  маҳз ҳамин ҷанбаҳои ҳаёт ва фаъолияти чунин абармардонро биёмӯзем ва дар амалияи ҳаррӯзаи иҷтимоию фарҳангии худ мавриди истифода қарор бидиҳем.

Таҳияи

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш