Мусоҳиба бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Алишер Исоев
- Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем, ки дар хусуси фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия чанд сухан мегуфтед.
- Имрӯз дар қаламрави ноҳия 50 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 19 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, гимназияи давлатӣ, литсей-интернати хонандагони лаёқатманд, интернати наздимактабӣ, 4 муассисаи томактабӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.
Дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ 290 нафар кӯдакро дар 12 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро мегирад.
Бо мақсади омода намудани кӯдакон ба таҳсил дар назди 48 муассисаи таълимии ноҳия марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият намуда, 980 нафар кӯдаки 5-6 сола ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд.
Шуъбаи маориф дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Ҳукумати мамлакат дар самти ободониву бунёдкорӣ ва сохтмону азнавсозии биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва толорҳои варзишӣ ҷидду ҷаҳди пайваста дошта, дар ин ҷода ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Дар панҷ соли охир мактабҳои зиёде дар деҳоти дурдасти кӯҳистон сохтаву мавриди истифода қарор дода шуданд. Бояд қайд намоям, ки дар бунёди биноҳои иловагиву синфхонаҳо соҳибкорону шахсони саховатманд саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар соли хониши 2019-2020 дар назди муассисаҳои таълимии №44-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони муассисаҳои таълимии №42, воқеъ дар деҳаи Навобод, бинои нави муасисаи таълимии №43 дар деҳаи Ҳуснобод, сохтмони муассисаи таълимии №51-и деҳаи Туғул ва бунёди 6 синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи давлатӣ идома дорад.
Дар заминаи «Барномаи рушди корҳои ободонию бунёдкориҳо дар давраи солҳои 2018-2021 оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақша - чорабиниҳо таҳия гардида, зиёда аз 196 сохтмони иншооти соҳаи иҷтимоӣ дар тӯли солҳои 2018-2021 роҳандозӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, дар соҳаи маорифи ноҳия таъмиру азнавсозии 9 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
- Мегуфтед, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Солҳои охир сифати таълиму тарбия ва азхудкунии дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия то ҷое беҳтар гардидааст. Соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ соҳиби 65 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар даври озмунҳои ҷумҳуриявӣ 11 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ роҳхат гирифтанд ва хонандаи муассисаи таълимии №4 Фирӯз Шамолов аз фанни таърих сазовори медали нуқра гардид. Дар маҷмӯъ, 510 нафар довталаб дар озмунҳои фаннии мактабию ноҳиявӣ ва минтақавӣ ширкат варзидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 210 нафар зиёд мебошад. Раванди таълим дар мактабҳо ба таври ба равияҳо ҷудо намудани синфҳо суръати тоза гирифта, то андозае ҳалли худро ёфтааст.Айни ҳол, дар 24 муассисаи таълимӣ 10 синфи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 14 синф бо равияи табиӣ- математикӣ бо фарогирии 1150 нафар хонанда ташкил карда шудааст.
- Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ тавр амалӣ мегардад?
- Татбиқи «Барномаи давлатии компютеркунонӣ барои солҳои 2017-2022» дар ноҳияи мо хуб ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ 31 адад кабинети компютерӣ таъсис дода шудааст, ки 28 адади он тариқи модемҳо ба шабакаи интернет пайваст гардидаанд. Дар ноҳия 10 муассисаи таълимӣ аз барқи доимӣ истифода мебаранд. Дар самти амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ » дар муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи нақша таъсиси 48 кабинети фаннӣ пешбинӣ шудааст. Дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия 18 кабинет ва 6 кабинети фанҳои химия, биология, физика, математика ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуданд. Аз ҳисоби маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ 11 адад тахтаи электронӣ, 4 адад батареяи офтобӣ ва 38 адад компютер харидорӣ шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи ноҳия ба Маркази технологияи информатсионӣ 64000 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
- Мегуфтед, ки робитаи муассисаҳои таълимӣ бо падару модарони хонандагон дар кадом сатҳ қарор дорад ва дар ин раванд иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ гуна амалӣ мегардад?
- Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷумҳурии мо уҳдадорию масъулияти падару модарро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд ва муассисаҳои таълимӣ баланд бардошт. Ба ин хотир, дар назди шуъбаи маориф комиссияи махсус оид ба амалӣ намудани қонуни мазкур таъсис дода шуд, ки 15 аъзо дорад. Ҳайати комиссия тибқи нақшаи корӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, аъзои комиссияи ноболиғон, раисони ҷамоатҳои деҳоту шаҳраки ноҳия барои дар амал татбиқ намудани бандҳои қонун дар байни аҳолӣ вохурию суҳбатҳо доир мекунанд. Натиҷаи чунин чорабиниҳои тарбиявӣ буд, ки ҳолатҳои даст задании ноболиғон ба корҳои ҷинояткорӣ, оворагардӣ ва дарсгурезӣ хеле кам шуд.
- Омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони соли 2021 дар муассисаҳои таълимии ноҳия чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
- Тибқи нақшаи имсола барои зимистонгузаронии муассисаҳои таълимии ноҳия 157 тонна ангишт, 1348 куб ҳезум ва 1399 литр сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 156 ҳазору 594 сомонӣ бояд захира карда шавад. Айни замон 45%-и маводи сӯзишворӣ харидорӣ гардида дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ захира карда шуда 7 муассисаи таълимӣ бо 321 печи аловӣ ва 99 гармидиҳандаи барқӣ таъмин карда шудаанд. Дар шаҳр 10 муассисаи таълимӣ ва 1 кӯдакистон бо барқи озод ва 3 муассисаи таълимӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд.
Мусоҳиб
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр