22 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ” доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Рустамзода, директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ З.Исмоилзода, директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, зикр кард, ки Асадулло Саъдуллоев яке аз муҳаққиқони варзидаи журналистикаи тоҷик буда, саҳми ӯ дар рушди соҳа ва тарбияи кадрҳои соҳаи рӯзноманигорӣ назаррас аст. Ӯ ҳамеша шогирдонро дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва дарки баланди масъулият тарбият менамуд. То имрӯз асарҳои илмию публитсистии А.Саъдуллоев барои донишҷӯён ва муҳаққиқон манбаи омӯзиш аст.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён аз саҳмгузорӣ дар пешрафти журналистикаву публитсистика ва тадқиқу ҷустуҷӯҳои Асадулло Саъдуллоев сухан ронда, иброз дошт, ки журналистикаи имрӯзи тоҷикро бе номи профессор Асадулло Саъдуллоев тасаввур кардан ғайриимкон аст. Феълан шогирдони устод дар тамоми ВАО фаъолият доранд ва саҳми онҳо дар пешрафти журналистика зиёд мебошад.
Дилафрӯз Рустамзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, қайд намуд, ки устод Саъдуллоев ҳамчун публитсист ва муҳаққиқ то охири умр барои тарбияи рӯзноманигорон кӯшиш менамуд ва имрӯз теъдоди зиёди кормандони кумита шогирдони ӯянд.
Сипас, профессорон Мурод Муродӣ, Ҷовид Муқим, дотсентон Сангин Гулов, Бахтиёр Қутбиддинов ва духтари профессор А.Саъдуллоев - Рухшона Саъдуллоева суханронӣ карданд. Таъкид шуд, ки устод Асадулло Саъдуллоев услуб ва диди хоси худро дошт ва ҳангоми таҳияи асарҳояш аз усулҳои гуногун истифода мекард. Ҳамзамон, асарҳои ӯ оммафаҳм буда, ба таври возеҳу сода иншо гардидаанд.
Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил гардида, онро соли 1962 хатм мекунад. Дар нашрияҳои «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва Кумитаи телевизион ва радио фаъолият намудааст. Солиёни зиёд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯёни факултаи журналистика, инчунин, солҳои 1984-1987 дар Донишгоҳи Кобул дарс додааст. Солҳои 1992-2000 ва 2007-2009 дар вазифаи мудири кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 2002-2005 дар вазифаи декани факултаи журналистикаи ДМТ фаъолият кардааст. Сипас, фаъолияти омӯзгориашро дар факултаҳои журналистикаи ДМТ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия идома додааст. Соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.
З.Исмоилзода, директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, таъкид кард, ки дар ҳамоиш зиёда аз 25 маърӯза пешниҳод шудааст, ки ҳамаи онҳо дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ шуда, пешниҳоди хонандагон мегарданд. Инчунин, мавсуф иброз дошт, ки минбаъд дар қатори дигар ҷоизаю мукофотҳо барои нашрияҳои маҳаллӣ «Ҷоизаи ба номи устод Асадулло Саъдуллоев» таъсис дода мешавад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр