Нашрияи Омӯзгор

Сарчашмаи маърифат

Сана: 2020-09-24        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Фарҳанги китобдорӣ аз қадимулайём дар миёни миллати тоҷик ҳамчун суннати  маърифатпарварона  вуҷуд дошт. Маҳз таваҷҷуҳи беандоза ба китоб ва офаридани асарҳои баландмазмун буд, ки мо, тоҷикон, дар тӯли таърих бо илму хиради худ машҳури ҷаҳон гардидем. Тавассути китоб ҷаҳонбинию фаҳмиши  мо васеъ гардида, соҳиби хиради воло мешавем.

Ҳамагон медонем, ки дар замони муосир яке аз мушкилиҳои асосӣ байни наврасону ҷавонон ин каммутолиагӣ ба шумор меравад.  Рушди босуръати илму техника ба он оварда расонид, ки майлу рағбати кӯдакону наврасон дар овони хурдӣ ба техникаву таҷҳизоти нав афзун гардад. Дигар омил, истифодаи беҳудаи интернет аст, ки ҷавононро аз китобхонӣ дур месозад.

Сабаб ва мушкилии дигари иддае аз ҷавонону наврасон, ки кам китоб мехонанд, ин камтаваҷҷуҳии волидон мебошад. Бояд донист, ки дар заминаи мутолиаи волидон тақлиди кӯдак ба онҳо пайдо мешавад ва ӯ тадриҷан, мустақилона бо завқу шавқ ба хондан мепардозад. Гарон будани нархи китобҳо низ аз мушкилии дигар дар ин самт маҳсуб меёбад. Масалан, дар Ҷопон барои хонандагони то 7-сола китобу дигар лавозими дарсӣ ройгон аст ва онҳо дар ҳамин замина таҳсили худро ба роҳ мемонанд. Барои ин мушкилиро бартараф кардан, метавонем, ки аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ, яъне, ҷалби грантҳо ва дигар сарчашмаҳо китобҳои бадеиро ройгон ба мардум тақдим кунем.

Роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” чун як амали бесобиқа ва дурандешона таъсири амиқи худро дар китобхон гардондани насли наврас гузошта истодааст.

Коршиносони соҳаи маориф мегӯянд, кӯдаконе, ки дар синни томактабӣ бо китоб робитаи амиқ доранд, дар раванди таҳсил муваффақтаранд. 

Қоидаҳои хондани китобҳоро барои кӯдакони хурдсол бояд муқаррар ва вақти аниқи хондани онро муайян кунем. Беҳтарин вақт барои мутолиаи китоб вақтест, ки фарзанд худаш мехоҳад бошавқ мутолиа кунад.

Қиссахонӣ ба кӯдак меомӯзонад, ки ӯ дар муносибат бо дигарон чӣ гуна бошад. Аз қаҳрамони асарҳо хонанда хислатҳои ҳамидаи инсониро меомӯзад.

Вақте ки дар ниҳоди насли наврас ҳисси дӯст доштани мутолиаро бедор менамоем, ӯ роҳи минбаъдаашро бо омӯзиш пайванд месозад ва зуд дорои  донишу ҷаҳонбинии  васеъ мегардад.

Аюб МАВЛОНОВ,

омӯзгори мактаби №37-и

ноҳияи Шамсиддини  Шоҳин


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш