Бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо донишҷӯён вохӯрии судманд баргузор шуд. Чунин ҳамоишҳо дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ ташкил карда мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангию сиёсӣ ва таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр