Нашрияи Омӯзгор

Ҷавшан аз рубоиёти Хайём

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

Боре ҳамкурсам Толиб Бобохонов ба ман аз як сафари худ нақли  аҷибе карда буд. Ӯ нақли худро бо мисраъҳои ҷовидонаи устод Рӯдакӣ оғоз кард:   “Дониш анар дил чароғи равшан аст, В - аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст”.

Ин мисраъҳоро ҳанӯз аз даврони донишҷӯ буданам дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент азёд карда будам, вале ба маънои томаш дар сафар, дар вагони қатора фаҳмидам, ки чӣ гуна дониш одамро ҳатто аз марг наҷот дода метавонад! Ман бо тамоми рангорангиаш, шебу фарозаш, азобу мушкилоташ зиндагиро дӯст медорам! Ин ишқи зиндагист, ки дар қалбам ҷой гирифтааст. Ҳангоми набардҳои ҳаёту мамот ман бори чандум аст, ки кадом як қувваи фавқулодаро дар худ эҳсос мекунам. Ҳамон қувваро ман дар дониши азбаркардаам медонам, ки сабабгори наҷот ёфтани ман шудааст. Умуман, зиндагӣ ҳар рӯз дар назди мо мушкилоти гуногун пешниҳод менамояд. Ана, майдони озмоиш: қуввату қудрат, ақлу дониш, фаҳмишу идрок, ҳиссу тахайюлатро кор фармо! Аз ин майдон ту ғолиб мебароӣ ё мағлуб мешавӣ, ба донишат вобаста!

Моҳи июни соли 1989. Ман озими шаҳри Новокузнетскии вилояти Кемеровои Федератсияи Россия шудам. Дар шаҳр ҳамагӣ як рӯз гаштам. Боду ҳавои  шаҳр ба ман маъқул нашуд. Ҳавояш ғализу мардумонаш хастаҳол. Дар бозгашт ба қатораи Новокузнетск – Бишкек чипта харида, ба он нишастам. Он вақт ман ҷавони сию нуҳсола будам. Маълумотам олӣ, дар мактаб аз рӯйи ихтисосам аз забон ва адабиёти рус дарс медодам. Аз ин рӯ, дар муошират бо мардум ба ман мушкилие рӯй намедод.  Ана, дари купеи вагон оҳиста кӯфтам. Онро ба рӯям ҷавони коматбаланди зардинамӯй боз кард.

 - Мебахшед, шумо гӯгирд доред? - пурсидам аз ӯ бо забони русӣ.  - Мехоҳам сигорамро даргиронам. 

Ҷавон бадқаҳрона талаб кард, ки бо ӯ бо забони модариаш сухан гӯям. Ман изҳор кардам, ки забони модарии ӯро  намедонам.

– Ту забони моро надонӣ, мусулмон нестӣ! – бо хашм гуфт ҷавон ба як ҳамроҳаш муроҷиат карда: - Эй Анвар, канӣ зуд тирезаи вагонро кушо, ин номусулмонро аз он ҷой ба беруни  вагон мепартоем!

Анвар посух дод:

- Рустамака, мо ӯро ҳамавақт ба берун партофта метавонем. Биё, аввал дурустакак пурсем, ки ӯ кист? Чӣ гуна инсон аст.

Анвар розӣ шуд:

- Бигузор, гуфти ту шавад. 

– Хуб, ту кисти?

– Ман ҳам мисли шумо  инсон ҳастам…

- Миллатат чист?

- Тоҷик.

- Касбат чист?

- Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ (ҳарчанд, ки муаллими забон ва адабиёти рус будам, ба хотири он, ки боз ғазабашро зиёд накунам, хамин тавр ҷавоб додам).

- Агар ту тоҷик бошӣ, ба ман намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик ва муосири онро номбар кун!

Ман аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Лоиқ Шералиро номбар кардам... Анвар як қадар суст шуд: - Ман аз байни номбаркардаҳоят Умари Хайёмро дӯст медорам! Ба ту чунин шарт: агар ҳоло ба ман як рубоӣ аз Хайём қироат намоӣ, зинда мемонӣ, дар акси ҳол, бо ин дунё бояд падруд бигӯӣ!

- Бубахшед, иҷозат медиҳед ба забони модариам, хонам?

– Бале, метавонӣ хонӣ.      

Ман ба таври ифоданок зиёда аз бист рубоиро аз Хайём қироат кардам. Қироати рубоиёт ба онҳо чунон маъкул шуд, ки ҳама кафкӯбӣ карданд. Ҷойи қаҳру ғазабро шодиву хурсандӣ гирифт. Анвар аз шодӣ ба Рустам рӯ овард:

- Акнун навбати худат Рустамҷон! Канӣ, агар мухлиси ашадӣ бошӣ як рубоӣ аз шоир қироат намо!

Рустам хеле зӯр зад, аммо ягон мисраъ ба ёдаш намеомад.

Анвар нидо кард: - Ҳамин хел инсонро нафаҳмида, нобуд кардан гуноҳ нест магар?! Ҳоло аз ӯ узр пурс. Баъдан ба ресторани вагон рафта, шаробу ҳасиб биёр!

Рустам аз ман узр пурсид ва ба тарафи ресторани вагон раҳсипор шуд. Нишасти дӯстона барпо шуд. Дар ин нишаст бародарон суроғаи худро дар дафтарчаи кисагии ман навиштанд...

 То ҳанӯз ман касби омӯзгориамро тарк накардаам. Гоҳо дар мавридҳои муносиби дарсҳоям ба хонандагон аз саргузашти худ мисолҳо меорам, то ки онҳо ҷавонии худро бесамар аз пайи корҳои беҳуда нагузаронанд. Вақтро ғанимат донанд. Бештар омӯзанд, аз ҷумла, шеър азёд кунанд, ниёгонамонро хуб донанд.

 

Толеъмурод БОБОКАЛОНОВ,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш