Нашрияи Омӯзгор

Китоби шавқовар ва ҷолиб

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Дар хусуси китоби дарсии «География: мамлакатҳо ва минтақаҳо, синфи 10» хоҳиши чизе навиштан баъди он пайдо шуд, ки  рафиқе аз банда суол кард, то пойтахти давлати Сенегалро ба ӯ бигӯям. Ман ҳам чӣ ном доштани пойтахти ин кишварро фаромӯш карда будам. Шомгоҳон дар хона аз духтарчаам, ки дар синфи 10 мехонад, суол кардам, ки пойтахти Сенегал кадом шаҳр аст. Вай зуд китоберо бардошта оварду пешам гузошт: «Географияи мамлакатҳо ва минтақаҳо, синфи 10». Ва саҳифаҳои охирини китобро (184-189) боз намуда, фаҳмонд, ки дар ин қисмат дар бораи тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо пойтахтҳояшон маълумоти дақиқ дода шудааст. Ин қисмат - «Мамлакатҳои ҷаҳон, соли 2015» (ғайр аз баъзе мамлакатҳои хурд) номгузорӣ шудаву аз графаҳои «мамлакат», «масоҳат, ҳаз. км2», «Аҳолӣ, млн. нафар», «Афзоиши табиӣ», «Давомнокии умр, сол, (мард, зан)», «Ҳиссаи аҳолии шаҳр (%)», «ММД ба як нафар аҳолӣ» ва «Пойтахт» иборат ёфтааст. Дарвоқеъ, дар ин бахш маълумоти зарурӣ дар бораи тамоми кишварҳои ҷаҳон, барои хонандагон пешниҳод шудааст. Чунин маълумоти саҳеҳу мушаххас бад-ин назму тартиб дар нашрҳои солҳои пеш, аз ҷумла, дар даврони Шӯравӣ мавҷуд набуд. Муаллифони китоби мазкур, олимону муҳаққиқони шинохтаи ҷумҳурӣ Холназар Муҳаббатов, Раҳматшо Диловаров, Шосафар Акобиров ва Муҳиддин Раҳимов дар тафсиру ташреҳи мавзӯъҳои фанни зикршуда бо диди нав ва таҷрибаи зиёди андӯхтаи педагогию илмӣ наздик шудаанд. Мусаллам аст, ки дар китоби  «Географияи мамлакатҳо ва минтақаҳо, синфи 10»  тамоми сайёраи Замин дар шакли минтақаҳо (регион)-ҳои бузурги таърихӣ-фарҳангӣ-географӣ омӯзонда мешаванд. Дар муқаддимаи китоб моҳияту ҳадафи китоби пешниҳодшуда аз ҷониби муаллифон ба таври саҳеҳ зикр гардидааст. Як хусусияти ҷолиб ва фарқкунандаи китоб дар он аст, ки дар оғози ҳар як мавзӯъ суолҳо пешниҳод карда шуда, таърифу қоидаҳо бо ранги кабуд ишорат шудаанд. Ҳамчунин, афкору мулоҳизаҳои илмӣ ба таври алоҳида аз ҷониби муаллифон таъкиду таъйид шудааст. Дар ҳар саҳифа, вобаста ба мавзӯи нав расми харитаҳои марбут ба муҳтавои дарс ҷой дода шудаву дар интиҳо зери навиштаи «Инро бояд дар хотир дошт!» хулосаву натиҷагириҳо аз мавзӯи нав дар як ё ду ҷумла ба таври фишурда пешниҳод гардидааст.

Баъд аз қисмати савол ва супориш - «Оё медонед?» боби «Хулоса» меояд, ки хеле боҳадафу судманд мебошад. Бояд зикр кард, ки ҷанбаи илмию назариявии китоби «География» (барои синфи 10), низ пероста бо арқому далоил ва андешаҳои муассир буда, муаллифон ба он кӯшидаанд, то ба ҷуз маълумоти оморӣ ҳамзамон, перомуни мавқеи иқтисодию географӣ, сарватҳои табии зеризаминӣ, географияи хоҷагии халқ, саноати мошинсозӣ, вазъи кишоварзӣ ва нақлиёт ба гунаи амиқ ва муфассал тавзеҳ бубахшанд. Қисмати «Оё медонед?» дар охири мавзӯъҳо омада, хеле аҷибу шавқовар мебошад.

Ҷиҳати хуби дигари китоб он аст, ки он аз рӯйи қолабҳои якрангу маҳдуд таълиф нагардида, номи мавзӯъҳо ғайримуқаррарӣ ва таваҷҷуҳбарангез мебошанд. Таври мисол, мавзӯъҳое, чун «Ватани аввалини инқилоби саноатӣ ва футбол» (Британияи кабир), «Кишваре, ки манораи Эйфел дар он ҷост», «Кишвари фиръавнҳо ва аҳромҳо», «Мамлакати футболи муосир ва содироти қаҳва», (Бразилия), «Кишвари ба ном давлату қитъа» (Австралия), «Сарзамини аҷдодии эскимосҳо» ва монанди ин ҷаззобу шавқангез буда, зуд диққати хонандаи мактабро ба худ ҷалб месозанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш