Нашрияи Омӯзгор

Диққат: озмун

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба ифтихори «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои беҳтарин мақолаи илмию методӣ ва таҳлилӣ озмун эълон мекунад.

Дар мақолаҳо бояд умдатарин масоилу мушкилоти марбут ба таълиму баррасии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар меҳвар қарор дошта бошанд. Ба мақолаҳое, ки ҳамбаста ба мулоҳизоту андешаҳои судманд ва таҳлилу пешниҳодоти ҷолибанд, афзалият дода мешавад. Ҳамчунин, мақолаҳо бояд инъикосгару собиткунандаи моҳияти омӯзиши фанҳои мазкур бошанд ва нақши онҳоро дар пешрафти ҷомеаи муосир, таъмини фардои дурахшони кишвар ба таври шоиста инъикос намоянд.

Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то 10 марти соли 2021 идома меёбад.

Мукофотҳо барои ғолибон:

Ҷойи 1-1600 сомонӣ

Ҷойи 2-1200 сомонӣ

Ҷойи 3-800 сомонӣ

Таъкид:

Ҳаҷми мақолаҳо набояд аз 3-4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times New Roman Tj, 14 - 2 интервалӣ) зиёд бошанд, дар акси ҳол ба озмун роҳ намеёбанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш