Нашрияи Омӯзгор

Мӯсо Диноршоев

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

29 сентябри соли 2020 дар синни 86 файласуфи машҳур, муҳаққиқи фарзонаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академик Мӯсо Диноршоев аз олам даргузашт.

Мӯсо Диноршоев 7 ноябри соли 1934 дар деҳаи Арзинги ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) таваллуд шудааст. Солҳои 1949-1954 донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии Орҷонкидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва дар як вақт муаллими мактаби 7-солаи ҳамин ноҳия ва солҳои 1954-1959 донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буд.

Марҳум тӯли фаъолият дар вазифаҳои ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, муаллим, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе, ходими хурди илмии шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, мудири бахши таърихи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон, сармуҳаррири «Энсиклопедияи Советии Тоҷик» ва аз соли 1988 мудири шуъбаи фалсафаи АФ РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Академик Мӯсо Диноршоев на фақат шогирдони зиёдеро ба воя расондааст, балки мактаби таҳқиқии худро дар бахши фалсафа таъсис намудааст, ки намояндагони ин мактаби таҳқиқӣ имрӯз ба тарбияи шогирдон дар донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба тарбияву раҳнамоии насли наврас машғуланд.

Мӯсо Диноршоев беш аз 20 нафар номзад ва 23 нафар доктори илмро ба воя расонид. Ӯ беш аз 20 сол раисии Шӯрои махсуси диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ ва докториро ба уҳда дошт. Академик Диноршоев дар таҳқиқи осори илмии мутафаккирони тоҷик, чун Абӯалӣ Сино, Насируддини Тӯсӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ ва дигар нобиғаҳои қуруни вусто саҳми беназир дошта, ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ осори онҳоро воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор додааст.

Соли 1991 узви вобаста ва соли 1994 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардид. Муддатҳои зиёд устод Мӯсо Диноршоев иҷрои вазифаи ноиби президенти Академияи илмҳоро ба уҳда дошт. Ин олими маъруф муаллифи зиёда аз сад мақолаву асари илмӣ буда, тадқиқоташ асосан ба таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик марбут аст. Диноршоев дар осораш дар асоси сарчашмаҳо мавҷудияти анъанаҳои бои материалистиро дар фалсафаи асрҳои миёнаи тоҷику араб собит намуда, қонунҳои пайдоишу инкишофи фалсафаи Шарқи Миёнаву наздики асрҳои миёна, инчунин намояндагони мактабу равияҳои онро мавриди тадқиқ карор додааст. Дар эҷодиёти Диноршоев тартибу таҳияи луғатҳои дузабонаи фалсафӣ ва тарҷумаи осори фалсафӣ мақоми хосса дорад.

Академик М.Диноршоев барои фаъолияти пурсамараш бо ордени «Шараф», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш