Мо, бачаҳои деҳа, ӯро «амаки ӯзбак» меномидем ва хеле пасонтар фаҳмидем, ки номи аслиаш Ойбек будааст. Марде буд миёнсол, кушодачеҳра, чобукрафтор, содафеъл ва басо самимӣ.
Лоғар буду андаке кӯтоҳқомат. Мегуфтанд, ки аз ноҳияи Бахмали наздикии шаҳри Самарқанд аст. Тобис-тони ҳар сол ба деҳаи мо ба меҳмонӣ омада, ду-се ҳафта «муқимӣ» мешуд. Аслан дӯсти ҳамдеҳаи мо – амаки Шодком буд ӯ, вале ба як гунаи як меҳмони азизи аҳли деҳа буд ҳамеша. Зеро ба ҳама дӯсту бародар ва «одами худӣ» шуда буд. Ҳар кӣ ба хонааш даъват мекард, бо камоли майл меҳмон мешуд, ҳамроҳаш як-ду пиёла чой менӯшид, гарму самимӣ суҳбат мекард. Аз омадани амаки ӯзбак ба деҳа, ба вижа, мо – бачаҳои кӯча бағоят шод мешудем. Ӯ моро дӯст медошт, бо мо самимона суҳбат мекард, бароямон ҳикоятҳои аҷибу ҷолиб мегуфт, «нағма»-ҳо нишон медод. Яке аз «нағма»-ҳояш тақлид кардан ба ҳайвоноту парандаҳо буду нағмаи дигараш вобаста ба мазмуни ҳикоятҳо нақш бозидан. Дар тақлидкорӣ, ба қавли калонсолони деҳа, устухон надошт.
Агар меҳмониаш ба маъракаи хурсандии кадоме аз аҳли деҳаамон рост меомад, бо тақлидкориҳояш шукӯҳу тантанаи он маъракаро дучанд мекард. Ҳамаро ба ваҷд меоварду нидоҳои «қоил кардӣ!», «намурӣ, Ойбек!», «офарин ба ҳунарат!» илҳомбахшаш мешуданд.
Калонсолон ба мо, бачаҳо, мегуфтанд, ки ба одам бо миллаташ не, бо номаш муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ, амаки ӯзбак не, амаки Ойбек гӯед. Лекин амаки ӯзбак худ инро рад мекард. Мегуфт: «Ман, дар ҳақиқат, ӯзбекам ва аз ин ифтихор дорам ва бароям гуворост, ки бачаҳои азиз «амаки ӯзбак»-ам мегӯянд. Медонед, чӣ қадар меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтиром эҳсос мекунам ман аз ин муроҷиати кӯдакон. Дар ноҳияи Бахмал ба дӯстонам, ба хешу таборам бо ифтихор мегӯям, ки маро дар деҳаи дӯстам Шодком амаки ӯзбак меноманд. Ман муаррифи миллати хешам дар як деҳаи бисёр зебои Тоҷикистон.
Қиссаи ба ҳам дӯсту бародар шудани амаки ӯзбаку амаки Шодкомро дар деҳа ҳама медонистанд. Замоне амаки Шодком ба кадом муносибате ба шаҳри Самарқанд меравад. Ҳаво хеле гарм будааст. Ӯ дар истгоҳи ин шаҳри азим аз мошин фуромада, кастумашро аз тан кашида, рӯи хараки канори толори истгоҳ мешинад, то каме нафас рост кунад. Андаке дам гирифта, аз пайи кораш мешавад ва танҳо ҳангоми бозгашт яке ҳис мекунад, ки кастумаш дар танаш нест. Ба хотираш мерасад, ки онро субҳ дар хараки истгоҳ дар паҳлуяш монда буд. Аз дил мегузаронд: «Яқин, кайҳо ба яғмо рафтааст кастумам. Кастуми нав ва гаронбаҳо буд. Ба ҳар ҳол, як ба истгоҳ меравам».
Дар истгоҳ айнан дар хараки субҳ дам гирифтааш амаки Шодком мардеро мебинад, ки кастуми ӯ дар даст нишастааст. Ин мард ҳамин амаки ӯзбак будааст. Амаки Шодком ба ӯ муроҷиат мекунад: - Бародар, ин кастуми ман. Субҳ дар ҳамин ҷо фаромӯш кардаам.
Амаки ӯзбак мепурсад: - Мебахшед, ному насабатон чист?
- Шодком Салимов.
- Дуруст. Ин кастум, дар ҳақиқат, аз шумо будааст. Ман дар кисааш шиносномаеро бо ҳамин ному насаб дарёфтам. Дар қабати ҳуҷҷататон дусад сӯм пул ҳам будааст. Чӣ хел бепул рӯзи дароз дар шаҳр гаштед?
- Ин пули эҳтиётӣ буд. Пулҳои барои харид ҷудо кардаам дар кисаи шимам буд.
- Ҳо, шумо, тоҷикон, доно, баандеша, вале… баъзан фаромӯшхотир.
Ҳарфи охирашро, албатта, бо шӯхӣ мегӯяд амаки ӯзбак. Ва кастумро ба амаки Шодком дода, боз ҳам ҳазломез гила мекунад: - Тақрибан 5-6 соат боз ин кастумро нигаҳбонӣ дорам. Ба самти ноҳияи мо мошин кам. Хусусан, дар ин вақт мошин ёфтан амри муҳол. Ба шаҳри шумо – Панҷакент мошин ҳама вақт тайёр. Ман акнун имшаб дар Самарқанд мемонам.
Амаки Шодком мафтуни самимият ва одамгарию виҷдони поки амаки ӯзбак мешавад ва ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро бо худ ба деҳаамон меорад ва ду рӯз меҳмондорӣ мекунад. Аз ҳодиса бохабар шуда, хурду калони деҳа ба дидорбинии амаки ӯзбак меоянд, офаринаш мехонанд. Амаки ӯзбак бо ҳама самимона, бо табассум, чун шиноси дерин муносибат мекунад ва зуд ба «рӯйхати шиносон»-и аҳли деҳа ворид мешавад. Ба ҳукми анъана ҳама ӯро ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Аммо амаки ӯзбак «дар хона аз ман хавотир мешаванд» мегӯяд ва ваъда медиҳад, ки вақт ёфта ба ин деҳаи зебоманзар ва ба назди Шодкому ҳамдеҳаҳои меҳмондӯсту ширинсухани ӯ бармегардад.
Амаки ӯзбак ба ваъдааш вафо кард. Қариб ҳар сол тобистон ба деҳаи мо меомад. Чанд маротиба амаки Шодком низ ба ноҳияи Бахмал, ба хабаргирии амаки ӯзбак рафт, чанд ҳамдеҳаамонро низ ҳамроҳаш бурд. Онҳо аз Бахмал баргашта, дар бораи меҳмондӯстию суҳбатороӣ ва меҳру муҳаббати ҳамшаҳриёни амаки ӯзбак бо шавқ ҳикоятҳо мекарданд…
Боре ҳодисае рух дод, ки меҳри амаки ӯзбакро дар дили мо, бачаҳо, дучанд кард. Сорбон, писари амаки Беҳрӯз, рӯзи дароз банди бозӣ шуда фаромӯш мекунад, ки падараш супориш дода буд, то алафзорашонро обёрӣ кунад. Бегоҳ чун амаки Беҳрӯз дармеёбад, ки писараш супоришашро иҷро накардааст, ба ғазаб омада, чанд тарсакӣ ба рӯи Сорбон мезанад ва таъкид мекунад, ки субҳи рӯзи оянда алафзорро обёрӣ кунад, вагарна…
Аз ин қазия амаки ӯзбак, ки ин вақт дар деҳаи мо меҳмон будааст, огаҳӣ меёбад ва ғамгин мешавад. (Ӯ, дар ҳақиқат, диле сахт раҳмгин дошт ва андаке таҳқир дидани касеро таҳаммул карда натавонист). Амаки ӯзбак мавзеи қитъаи алафзори амаки Беҳрӯзро аз кадоме пурсида, шабона онро обёрӣ мекунаду ба амаки Беҳрӯз хабар медиҳад, ки алафзоратон шодоб шуда. Дигар барои ҳар кор кӯдакро наранҷонед…
Ба забони тоҷикӣ бисёр шевою ширин ҳарф мезад амаки ӯзбак. Ягон-ягон сактаи малеҳ дошт. Чунончи, баъзан ба ҷои «шумо ин ҷо биёед» «шума ин ҷо биёед» мегуфт, ки мо аз ин завқ мебурдем, худаш ҳам бо мо механдид. Гоҳи дигар чун моро медид, «ҳа, йигитлар» мегуфт, ки маънояшон «ҳа, шербачаҳо» будааст. Бо вожаи саршор аз меҳри «ургулай» (фидоятон шавам) сари маро сила мекард. Ягон кори хуб кунем, нидо дармедод: «Яшасин»! (офарин!) Дар чанд маврид ба мо дар бораи дӯстии дерину пурсамари халқҳои тоҷику ӯзбек ҳикоятҳои ширину пурҳикмат карда буд. Вобаста ба ин мавзӯъ як мақоли аҷибе ҳам гуфта буд ба забони ӯзбекӣ, ки ҳеҷ аз ёдам намеравад: «Йиғласа, қайгуси бир, куйласа, чолғуси бир». Ва инро ба мо бо забони тоҷикӣ чунин тафсир бахшида буд:
-Халқҳои тоҷику ӯзбек чунон ба ҳам наздику қаринанд, ки ҳатто, гиряву хандаашон яксон аст. Воқеан, мо аз амаки ӯзбак чанд ҳарфу ҳиҷо ва ифодаву мақоли ӯзбекиро омӯхта будем. Ӯ, ки ҳамеша барои мо кисае пурқанд дошт, пас аз суҳбатҳои бардавом бароямон якто – якто қанди қоғазпеч тақдим карда, ханда бар лаб мегуфт: «Юз сизу биздан бир ҷизу биз яхши». (Яъне: «Аз сад ману ту (баҳсу гуфтугӯ) як кайфият (хӯрок) беҳтар».
…Солҳо гузаштанд. Мо, кӯдакони он солҳо – «ҷӯра»-ҳои амаки ӯзбак, парончак шудему бо амри қисмат аз деҳа берун ва ба чор тараф паҳну парешон гаштем. Дар ду-се сол боре чандрӯза «меҳмон»-и зодгоҳамон мешудем ва дар қатори волидону хешу табор, дӯстону пайвандон, ҳамбаста ба рӯзгорони бачагию ҳаводиси рангину ширини он аз амаки ӯзбак ёд меовардем. Як вақт хабар ёфтем, ки амаки ӯзбак бар асари бемории сактаи дил аз олам даргузаштааст. Бисёр афсӯс хӯрдем, ашк рехтем. Худо раҳмат кунад, аҷаб инсоне буд! Кӯдакии мо таровату ҳаловату рангинии вижае дарёфта буд аз ҳастии ӯ. Дар марзи дилҳои мо аввалин донаҳои меҳру муҳаббатро ба халқи ҳамҷавору ҳамқисматамон - ӯзбекон маҳз ҳамин инсони наҷиб, хеле наҷиб кошта буд…
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр