Нашрияи Омӯзгор

Оғози нек кафолати барори кор аст

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Оғози ҳар амал душвор аст ва азму иродаи қавӣ тақозо дорад. Аз ин ҷост, ки дар урфият «Сари кор сар шиканад» гуфтаанд. Чун хишти аввал росту устувор, қотеъона гузошта мешавад, бино хуштарҳу пойдор мегардад.

Барои он ки иқдом ба ҳар коре аз ибтидо дурусту боварибахш бошад, бояд хуб андеша кард, дурбину боҳадаф буд. Орифи бузург Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст:

Ҳар кӣ аввал бингарад поёни кор,

Андар охир ӯ нагардад

шармсор.

Омодагии комилу ҳаматарафа дар иҷрои ҳар амале дили пури шахс аст, гарави комёбист. Дар фаъолияти омӯзгорон низ марҳилаи тайёрӣ ба дарс ва умуман, ба ҳар машғулият, аҳамияти муҳим дорад, ба ҳадде ки кулли муваффақияти онҳо маҳз ба ҳамин нукта вобаста мебошад. Омӯзгорӣ дар баробари он ки пешаи ифтихорист, мушкилоти зиёдеро дорост. Аксаран фаъолияти омӯзгор аз омодагӣ ба дарс шурӯъ мешавад. Ин зинаи фаъолият бо эҷодкорӣ, маҳорату малака ва таҷрибаи ӯ иртиботманд аст. Ҳангоми тайёрӣ ба дарс омӯзгор ба нуктаҳои зерин бояд бештар таваҷҷуҳ намояд: дақиқан омӯхтани мавзӯъ ва муҳимтарин махсусиятҳои он; интихоби метод ё усули муайян ва андешидани тариқи корбасти ин усул; ба инобат гирифтани робитаи байни фанҳо вобаста ба муҳтавои мавзӯъ; дар назар доштани хусусиёти синнусолии хонандагон ва имконоти фардии хонандагони алоҳида; кор бо калимаҳои мураккаб ва истилоҳоти хосси мавзӯъҳои гузаштаву нав; муайянсозии тариқи ташкили лаҳзаҳои мустаҳкамкунии дарс ва хулосаю ҷамъбасти дарс тариқи тавзеҳу супориши вазифаи хонагӣ…

Дуруст аст, ки вобаста ба рӯҳияи аҳли синф ва дараҷаи омодагии онҳо ба дарс ва сатҳи азхудшавии мавзӯи гузашта омӯзгор метавонад ба дарс бадоҳатан тағйирот ворид созад. Масалан, чун омӯзгор дармеёбад, ки хонандагон дарси гузаштаро дуруст наомӯхтаанду аксар вазифаи хонагиро иҷро накардаанд ва ба ҷавоб омода нестанд, баргузории мавзӯи навро мавқуф мегузорад (ғолибан ба дарси иловае ё дар ҳамбастагӣ гузаштан бо ягон мавзӯи нисбатан сода ва ё аз ҳисоби соатҳо барои дарсҳои такрорӣ) ва дуруст ҳам мекунад; ҳамаи мавзӯъҳо ба ҳамдигар чун ҳалқаҳои занҷир пайванданд ва агар як ҳалқа гусаста шавад, силсила аз ҳам мерезад.

Ба ҳар ҳол, омодагии омӯзгор ба дарс дар ин ҳолат ҳам моҳияташро заррае ҳам коста намекунад. Ӯ дар сурати омодагии ҳаматарафа бо азму иродаи комил ба остонаи мактаб қадам мениҳад. Барои омодагӣ ба дарс омӯзгор, албатта, китоби дарсиро варақ мезанад, дастурҳои методиро рӯи даст мегирад, аёният интихоб мекунад ва аз китобҳои илмию рӯзномаву маҷаллаҳо истифода мебарад. Пас аз ин марҳила омӯзгор рӯй меоварад ба ҳуҷҷатҳои расмии ҳамарӯза вобаста ба дарс ва фанни таълимияш. Инҳо нақшаи тақвимӣ (плани календарӣ), нақшаи мавзӯъ, нақшаи ҳаррӯзаи дарсҳо ё нақшаи фишурдаи дарс мебошанд.

Маълум, ки нақшаи тақвимӣ барои ҳар як чоряк, нимсола ва ё барои тамоми сол тартиб дода мешавад. Он мавзӯъҳои барномаро мураттаб месозад, тартиби дарсҳоро муқаррар сохта, кори омӯзгорро ба низом медарорад. Дар заминаи мавзӯъҳои яклухти нақшаи тақвимӣ омӯзгор нақшаи мавзӯъҳоро тартиб медиҳад ва дар заминаи нақшаи мавзӯъҳо нақшаи дарсро. Нақшаи дарс (план-конспект) муҳимтарин ҳуҷҷати омӯзгор ҳангоми омодагӣ ба дарс ва далели рӯшани бо тайёрии ҷиддӣ ба ҳузури шогирдон омадани ӯст. Нақшаи дарс набояд ба ҳукми анъана ва иҷрои расмият (ба ибораи маъмул, на барои нишон додан ба роҳбарияти мактаб), балки аз рӯи масъулият, эҷодкорона ва воқеъбинона навишта шавад ва мададгору ёвару роҳнамои ҳақиқии омӯзгор бошад.

Ҳамин тавр, омодагии омӯзгор ба дарс гарави асосии муваффақияти дарс буда, муҳимтарин марҳилаи фаъолияти омӯзгор ба ҳисоб меравад. Он сарчашмаро мемонад ва об бояд аз сарчашма соф бошад.

 

Мукаррам АХМЕДОВА,

ҷонишини  директор оид ба таълим  дар мактаби №67-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш