Нашрияи Омӯзгор

Ибрат ва ташаккули шахсият

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Дар тарбия аз методҳои гуногун истифода мешавад ва олимони педагог тарбияро нисбат ба таълим муқаддамтар донистаанд, ки ин комилан воқеъбинона аст. Дар ҳақиқат, аз тарбияи дуруст бархӯрдор нашуда, ба омӯзишу таҳсилоти фарогир даст ёфтан ҳеч имкон надорад.

Маҳз инсони тарбиятдида ба таҳсил майл пайдо мекунад ва комёб мешавад. Ҳакимон таъкид кардаанд, ки шахси тарбиятнадидаро илм омӯхтан хатаровар аст. Дар ҳикмате омада, ки «нокасонро таълим додан ба бехи давлат табар задан бувад». Моҳияти ин ҳама нуктаҳо дар қитъаи зерини Камолиддини Биноӣ тавсиф ёфта:

Толиби илмро адаб бояд,

Бо адаб саъй дар талаб бояд.

Дар талаб ҳар касе, ки беадаб аст,

Гар ба мақсуди худ расад, аҷаб аст.

Дар байни мардум ҳикматест машҳур, ки «Бача азиз-адабаш аз ӯ азизтар». Аз тамоми василаҳои мақбул бояд истифода кард, ки тарбияи насли наврас комил бошад. Яке аз роҳҳои муассири тарбияи хонандагон ибратпазирӣ мебошад. Нақши ибрат дар тарбия, воқеан ҳам, хеле бузург аст. Равоншиносон таъкид мекунанд, ки наврасон табиатан ба ибратпазирӣ майл доранд, ба ҳар касу ба ҳар амал бо таваҷҷуҳ менигаранд ва дар ниҳодашон хиссу хоҳиши пайравӣ ба ину он пайдо мешавад. Аз ҷумла, манбаҳои зеринро, ки боиси ибратпазирии хонандагон мешаванд, номбар кардан мумкин аст: қаҳрамонони афсонаву ҳикояҳо, ҳодисаву воқеаҳо; омӯзгорон ва роҳбарони фаъоли мактабҳо; ашхоси номвар ва ҷасуру далери ҷомеа (муҳити наврасон); образҳои барҷастаи асарҳои бадеӣ, китобҳо; баъзе аз хонандагони фаъоли синфҳои болоӣ; намояндагони касбу пешаҳои гуногун, пешқадамони истеҳсолот; шоиру нависандагон, олимон…

Дар зиндагӣ ҳар шахс идеали (армон)-и худро дармеёбад, ҳаёту фаъолияти ӯро барояш намунаи ибрат мехонад ва аҳд мебандад, ки минбаъд чун шахси армонии худ рафтор ва гуфтор дошта бошад.

Омӯзгор бо кирдори ҳамидааш, бо суханони ҳикматбору пурҷозибааш, бо самимияту ғамхорияш, пеш аз ҳама, намунаи ибрат ба шогирдон аст ва аз ин рӯ, аксар хонандагон маҳз омӯзгорони худро барояшон шахси ормонӣ мехонанд ва аз ӯ ибрат пазируфтаву ба ӯ пайравӣ кардан мехоҳанд. Мо дар бисёр мақолаҳо оид ба зиндагиномаи ашхоси номвар мехонем, ки меҳри омӯзгориро дар дили ӯ нахустомӯзгораш (ё омӯзгори фалон фан) ҷой кардааст. Ва ё  «гуфтору амали устодон дар мактаб барои ман намунаи ибрат гардид ва инак, солҳост, ки мехоҳам дар ҳар ҷабҳае чун устоди азизи худ амал намоям».

Нақши қаҳрамонони асарҳои бадеӣ низ дар ибратпазирии хонандагон назаррас аст. Масалан, чун омӯзгор дар бораи корномаи Эраҷи тилисмшикан нақл мекунад, зери таъсири он шогирдон мехоҳанд чун Эраҷ паҳлавон, далеру шуҷоъ бошанд, қаҳрамониҳо кунанд.

Нақл дар бораи одамони нек ва фидокорони миллат, махсусан, ҳикоятҳо аз зиндагиномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хеле муфид аст.

Донишманде гуфтааст: «Муҳофизи ҳақиқии ҳар фард ормони ӯст. Фард бо ормони худ ҳамеша дар робита аст ва ҳамроҳи ӯ, таҳти таъсири ӯ ба камол мерасад».

Омӯзгорон бояд назорат баранд, ки хонандагон ормони худро дуруст интихоб намоянд, зеро иддае аз наврасон аз пайи ҳавою ҳавас аз онҳое низ ибрат мепазиранду ба онҳое монанд шудан мехоханд, ки рафтори ношоиста, пуркибру ғурур доранд. Ормон (идеал)-и хуб бояд дошт ва дар ҳамбастагӣ бо ӯ ба корхову ибтикороти шоиста даст бояд зад. Ибрат аз оне бояд гирифт, ки хислати писандида дораду маҳбуби ҷомеа ва мақбулу соҳибэҳтироми ҳамагон гаштааст.

Хоҳӣ бошӣ некному муқтадир,

Аз касони некхӯ ибрат пазир.

 

Хайрӣ Мирзоева,

омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби №11-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш