Ҳунар инсонро сарфарозу бахтиёр мегардонад. Беҳуда онро чашмаи зоянда ва давлати поянда нагуфтаанд. Тавассути ҳунар шахсияти ҳунармандро мешиносанду қадр мекунанд. Ҳунару ҳунармандӣ мероси гузаштагони ҳар қавму миллатанд. Агар дар гузашта ҳунарҳои мардумӣ, хусусан, кулолгарӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва ғайра байни мардум маълуму машҳур шуда бошанд, имрӯзҳо хушбахтона, теъдоди ин ҳунарҳо бамаротиб зиёд шудааст. Дар хонадони ҳар фарди тоҷик маҳсули ин ё он ҳунари волову зебо таҷассум ёфтааст. Хушбахтона, дар кишвари мо соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сесолаи баъд Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Ин ибтикори бузург боиси бештар ҷалб шудани таваҷҷуҳи ҷавонони мо ба омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ гардид. Ҷомаву камзӯлҳои зарбофт, тоқиву кафшҳо, болину болопӯшҳои бо ҳунари зардӯзӣ эҷодшуда хеле назаррабоянд. Ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзиро занҳои ҳунарманди тоҷик бо маҳорати баланд ва завқу салиқаи хос иҷро менамоянд. Вақте сӯзаниву бардевориҳо, пероҳану либосҳои гулдӯзиро мушоҳида мекунем, ба заҳмати онҳо баҳои баланд медиҳем. Аз бозии рангҳо ва санъати он мутаҳаййир мешавем. Воқеан ҳам, дасти одамизод гул аст. Мардуми кишвар аз ин гуна маҳсули ҳунармандӣ дар гузашта бештар истифода мебурданд. Хусусан, дар деҳот чи дар ороиши хонаҳояшон, чи дар омода кардани ҷиҳози хонаҳояшон, чи дар омода кардани ҷиҳози арӯсӣ васеъ кор мефармуданд. Ин, албатта, хуб аст. Дар ҳамин ҳол чунин амалҳо кам ба назар мерасанд. Аз як тараф, онро ба пешрафти илму технология нисбат диҳем, шояд хато накунем. Чун ҳар шахс мехоҳад мувофиқ ба завқи худ ҷиҳози хонаро оро диҳад. Аз ҷониби дигар, агар ҳунарманд ба маҳсули кораш камтаваҷҷуҳии мардумро эҳсос кунад, рӯй ба эҷоди маҳсули дигар мешавад. Ин боис мегардад, ки он ҳунар бо мурури замон оҳиста-оҳиста аз байн равад.
Имрӯзҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳо кушода шуда, ҷавондухтарону бонувони зиёде соҳиби касбу ҳунар гардиданд. Ин, албатта, иқдоми хуб ва саривақтист. Имрӯз месазад, ки омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад, то духтарон имкони ёбанд, ки бештар ҳунарҳои мардумиро аз бар намуда, ба зиндагии оянда хуб тайёр шаванд. Масалан, дар дарсҳои технология имкони хуби аз худ намудани ҳунарҳои гуногун даст медиҳад. Соатҳои дарсиро ба нақша гирифта, метавон муҳимтарин амалҳоро ба анҷом расонид. Чи аз лиҳози кадбонугӣ, чи аз ҷиҳати дигар ҳунарҳо, духтарон барои худ маълумоти заруриро пайдо мекунанд. Бисёр ҳунарҳои ҷолибе ҳастанд, ки мувофиқ ба синну соли хонандагони синфҳои поёниянд. Амалҳои мураккабтар, ки иҷрояшон каме душворӣ пеш меорад, барои синфҳои болоӣ нигаронида шудаанд. Дар синфҳои 5,6,7 хонандагон бояд донанд: тарзи дӯхтани чокҳои дастӣ, усулҳои кор бо мошинаи дарздӯзӣ, ҷиҳатҳои фоидабахши сабзавот, тарз ва реза кардани сабзавот ва ғайра. Инчунин, усулҳои сохтан ва тайёр намудани ангора (эскиз), харитаи технологӣ, дуруст ва бо сифати баланд дӯхтани маснуот.
Хулоса, бояд мо анъанаву ҳунарҳои қадима ва таърихии худро қадр ва ҳифз намоем, ба наврасону ҷавонон омӯзонем ва ба ҳамин тариқа, ҳунарҳои мардумии худ-ро рушд диҳем.
Ҳусния АКБАРОВА,
омӯзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр