Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолият - омили муваффақият

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш дар мушовараи раёсати маорифи вилояти Суғд фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, зимнан ҳисоботи директори марказ шунида шуд. Аҳли мушовара, дар маҷмӯъ, аз фаъолияти ин маркази омӯзиш изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дарвоқеъ, Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти фарогиру бавусъат дошта, пайваста бар он мекӯшад, ки сафи шогирдонашро афзун намуда, мазмуну муҳтавои машғулиятҳоро такмил бахшидаву ба талаботи замон созгор бикунад. Бояд зикр кард, ки солҳои охир нақши марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар сохтори Вазорати маориф ва илм бештар назаррас мешавад ва ин марказҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва умуман, саводнокии хонандагон тадбирҳои судманди зиёдеро сомон мебахшанд.

Дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд 44 нафар корманд (аз ҷумла, 24 нафар роҳбари маҳфилҳо) фаъолият доранд, ки аксар устодони собиқадору соҳибистеъдод ва донандагони мумтози пешаи худанд. Марказ дорои бинои мувофиқи сеошёна буда, 11 синфхона, 5 дафтари кори мудирони шуъбаҳо ва мушовирон, китобхона, ошхона, анбори либос, маҷлисгоҳ ва чанд ҳуҷраи дигарро фаро мегирад. Дар марказ 26 маҳфил амал менамояд ва дар ин маҳфилҳо наздик ба ҳазор нафар хонанда дар вақтҳои муқарраршуда ба омӯзиш машғул мешаванд.

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд фаъолияти 28 маркази таҳсилоти иловагиро, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят мавҷуданд, зери назорат дорад ва ба онҳо роҳбарӣ менамояд. Умуман, ба муассисаҳои таҳсилоти иловагии тамоми манотиқи вилоят 20200 нафар хонанда ҷалб гардидаанд ва онҳо дар 1846 гурӯҳу 641 маҳфил донишу маҳорату малакаи худро сайқал мебахшанд.

Чунонки директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, мутахассиси варзида ва роҳбари кордону хушмуомила Фирдавс Ашӯрматов иброз дошт, марказ дар заминаи 21 қонун, қарор, барнома, стратегия, консепсия, низомнома, нақша - чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолият дорад ва дурнамои кори марказ низ дар асоси дас-туру нишондодҳои асноди мазкур таҳия шудааст. Аҳли марказ ҳамбаста ба вусъат бахшидани доираи омӯзиши шогирдон дар маҳфилҳою гурӯҳҳои гуногун ба тарбияи онҳо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд.

Маълум, ки ба наврасон дар ҷомеа омилҳои гуногун метавонанд таъсиргузор бошанд ва гоҳе ин омилҳо хусусияти манфӣ доранду мафкураи онҳоро олуда месозанд. Аз ин рӯ, дар марказ вобаста ба «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» маҷмӯи тадбирҳо ба нақша гирифта шудаасту мунтазам амалӣ мегарданд. Мувофиқан ба ин, соли равон дар марказ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Наврасон бар зидди коррупсия» баргузор карда шуд, ки дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи наврасон ҷараён ёфту собит кард, ки шогирдони мо ба моҳияти коррупсия ҳамчун неруи тахрибкору тундгаро хуб сарфаҳм мераванду нисбат ба он нафрат доранд. Ҳамчунин, бо аъзои маҳфилҳо аз ҷониби мутахассисони варзидаи марказ дар мавзӯи «Мубориза ба муқобили коррупсия амали дастҷамъона аст» силсилаи суҳбатҳо роҳандозӣ шуд, ки муассиру манфиатбахш буд. Дар маҳфилҳо мақолаҳои кормандони марказ, ки дар нашрияҳои марказии вилоят вобаста ба мазмуну муҳтавои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ба чоп расидаанд, мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар марказ минбаъд низ ба ин масъала диққати ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад.

Вобаста ба ин, ҳамчунин, барои таҳкими ҳисси ватандӯстию ватанпарварии аъзои маҳфилҳо маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мешаванд. Ватандӯстӣ умдатарин фазилати насли наврас бояд бошад ва маҳз наврасони ватандӯст кафолати фардои мунаввару шукуфони ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошанд. Дар марказ бо ин ҳадаф ҳамоишу озмуну суҳбатҳо дар мавзӯъҳои «Пайравони Пешвои миллатем!», «Тоҷикистон -диёри зебоманзар», «Сафои оби поки Тоҷикистон», «Қаҳрамонони Тоҷикистон - ҷонфидоёни миллат», «Табиати диёрро бояд донист», «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба масоили об», «Бунёдкориҳо дар Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ»… созмон дода шуданд, ки хотирмону нишотбахш буданд ва ба тақвияти ифтихори миллии шогирдон мусоидат карданд. Дар ин самт озмуни вилоятии иншои озод дар мавзӯи «Саразм – хазинаи тиллоӣ ва ифтихори миллати тоҷик», ки дар он теъдоди зиёди хоҳишмандон ширкат варзиданд, тадбири басо муҳим гардид.

Забономӯзӣ низ яке аз василаҳои муҳими рушди маънавии насли наврас ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар маҳфилҳои марказ омӯзиши забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ (махсусан, забонҳои русию англисӣ) васеъ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарони маҳфилҳо мекӯшанд, то шогирдон амиқ дарк намоянд, ки дар ҷаҳони муосир бидуни донистани 3-4 забони густаришёфтаи байналмилалӣ ба комёбӣ расидану дар сатҳи муайян фаъолият доштан имконнопазир аст. Забондонӣ ҷаҳондонист, он муҳимтарину боэътимодтарин василаест барои роҳ ёфтан ба дунёи фарохи илму дониш. Хушбахтона, аксари аъзои маҳфилҳои марказ бо 2-3 забони маъмули ҷаҳон озодона сухан мегӯянд ва мунтазам луғатомӯзӣ мекунанд. Умуман, вобаста ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» марказ нақша-чорабиниҳои махсусро рӯи даст дорад ва дар ин замина пайваста чорабиниҳо баргузор менамояд.

Эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф марҳилаи наверо дар фаъолияти маҳфилҳои марказ ифтитоҳ бахшид. Пеш аз ҳама, кори шуъбаҳои технология, инноватсия ва омӯзиши фанҳои дақиқро дар тамоми марказҳои таҳсилоти иловагӣ такмил дода, синфхонаҳои дахлдор иловатан таҷҳизонида шуданд. Масоили таъмини маҳфилҳо бо мутахассисони ҷавони болаёқат, ташкили маҳфилҳои радиотехника, роботсозӣ, суробсозӣ аз нав баррасӣ гардида, тадбирҳои муҳим дар ин самт амалӣ шуданд. Олимпиадаи вилоятии «Техникони наврас» ба ҷалби бештари таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ мусоидат кард ва истеъдодҳои ҷавонро муаррифӣ намуд.

Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ ҳамеша ба он диққат дода мешавад, ки аъзои гурӯҳу маҳфилҳо ҳама бо китоб ҳамдамии доимӣ дошта бошанд, ҳар чӣ бештар ба мутолиаи ин сарчашмаи дониш машғул шаванд. Дар партави Паёми Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар марказ бори аввал дар таърихи он китобхона ташкил карда шуд, ки хеле хуб оро дода шудаасту муҷаҳҳаз мебошад ва ҳоло беш аз 15 ҳазор китоб дорад. Ҳамаи аъзои маҳфилҳо узви китобхонаанд. Дар назди китобхона маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» амал мекунад, ки моҳе ду маротиба баргузор мешавад. Ба ин васила, хонандагон ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омодагии ҷиддӣ мегиранд. (Зимнан шоистаи тазаккур аст, ки маҳфили мазкурро омӯзгори ҷавон, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар соли 2019 Сарфарозиддин Иморуддинов сарварӣ менамояд. Хушбахтона, дар пайравӣ ба ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят китобхона ва маҳфилҳои дӯстдорони китобро таъсис додаанд…

Ҳадафи асосии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ва шуъбаю маҳфилҳои он («Донандагони забонҳо», «Гулпарварони ҷавон», «Дӯзандагӣ», «Қолинбофӣ», «Технология, инноватсия ва санъати амалӣ», «Сайёҳӣ ва кишваршиносӣ», «Корҳои илмӣ ва эҷодӣ», «Созмони хонандагон», «Табиатшиносони ҷавон, экология ва ҳифзи муҳити зист»…) такмили дониши хонандагон, тарғибу омӯзиши ҳунарҳо, парвариши истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии дастранҷҳои насли наврас мебошад.

Бояд гуфт, ки дар кори маркази мазкур ва чунин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баъзе ноқисиҳо низ вуҷуд доранд, вале муҳим он аст, ки роҳбарияти марказ дар бораи камбудиҳои мавҷуда ошкоро ҳарф мезананду аз ин хусус ба идораҳои дахлдор муроҷиат мекунанд ва баҳри бартарафсозии онҳо ҷидду ҷаҳд менамоянд. Аз ҷумла, он ҳолат хеле ташвишовар аст, ки аз 28 муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят танҳо 22 муассиса бо бинои алоҳида таъмин буда, 6 муассиса иҷорашин аст. Фаъолияти пурмаҳсули муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ худ собитгару бозгӯйи он аст, ки ин муассисаҳо сазовори ҳама гуна дастгирӣ ва мададгорӣ аз ҷониби идораю ташкилотҳои масъул мебошанд.

 

Абдурауф МУРОДӢ,

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш