Нашрияи Омӯзгор

Рӯҳбони кӯдакон

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Ба чашмам во намудӣ зиндагиро,

Кӣ будан, одаму одамгариро.

Зи асрори ҷаҳон огоҳ будан,

Кушодан уқдаи фардову диро.

 

Ҷалолатро парастам, эй муаллим,

Ҷамолатро парастам, эй муаллим.

Бувад аз ту камолоти ҳар инсон,

Камолатро парастам, эй муаллим

 

Зи ҷабри даври гардун ҳар чӣ ояд,

Яқин медонад ӯ, ҳаргиз напояд.

Ба худ печад, гудозад, сӯзад, аммо

Ҷабинро пеши ноаҳлон насояд.

 

Ба олам ҳар чӣ дидам ман, надидам,

Ба ҳар навъе ба пириҳо расидам.

Чу ту фозилмардеро, муаллим,

Ҷаҳон гаштам, вале ҳаргиз надидам.

 

Шарори шавқи ӯ поён надорад,

Ба дил майле ба ину он надорад.

Даруни синааш ҷуз меҳру уммед

Ба шогирдон, ба шогирдон надорад.

 

Маро дарси муаллим ёдам ояд,

Ҳисобу зарбу тақсим ёдам ояд.

Зи тадриси гиромиқадр устод,

Баёну нақлу тафҳим ёдам ояд.

 

Муаллим гуфт: - Илму дониш омӯз,

Зи дониш дидаю дилро барафрӯз.

Агар гирӣ самар аз шохи ирфон,

Ҳаётат мешавад хуррам шабу рӯз.

 

Азизу раҳнамои мо – муаллим,

Чу ахтар дар самои мо – муаллим.

Ба дарки сад муаммо, рози дониш,

Туӣ мушкилкушои мо – муаллим.

 

Забондонӣ зи ту омӯхтам ман,

Ҷаҳондонӣ зи ту омӯхтам ман.

Ба васфи  миллати  фархундаи  хеш,

Санохонӣ зи ту омӯхтам ман.    

 

Зи файзи илм корат бобарор аст,

Ҷаҳони ҳикмати ту меҳрбор аст.

Бидидам, бо дили огоҳ дидам,

Зи ту аҳли Ватанро ифтихор аст.

 

Биё, устоди неку босахоям,

Ба васфат қиссаи дилро сароям.

Ба фатҳи қуллаҳо дар роҳи дониш

Туӣ уммеди ман, мушкилкушоям.

 

Ҷаҳонбин чашми ман аз туст, устод,

Нумӯи ин Ватан аз туст, устод.

Ба ҳар мафҳил, ки мардум гирд оянд,

Фурӯғи анҷуман аз туст, устод.

 

Маро дарси ҳаёт аз туст, устод,

Ба дил шодӣ, нишот аз туст, устод.

Ба ҳалли мушкилоти рӯи олам

Сабурию субот аз туст, устод.

Мирзосаид МУЪМИНОВ,

 омӯзгори мактаби №25-и

шаҳри Хуҷанд 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш