Корвони ваҳдат
Дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ намоиши сайёр таҳти унвони «Корвони ваҳдат» баргузор гардид. Дар намоишгоҳ намунаҳои ашёи осорхонавӣ, аз қабили зарфҳои сафолӣ, мисӣ, сӯзаниҳо, либосҳои мардонаю занона, ки аз ҳунари волои аҷдодони мо шаҳодат медиҳанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Зебунисо Отабоева,
корманди Осорхонаи ба номи
Абӯабдуллоҳи Рӯдкии шаҳри Панҷакент
Ифтихори давлат
Дар толори китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 21-солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – ифтихори давлат» конфронс баргузор гардид. Дар он хонандагони фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои шаҳр ва кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ширкат варзиданнд.
Маъмурияти китобхонаи вилоятии
ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб
Ваҳдат саодат аст!
Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд таҳти унвони «Саодати халқ аз ваҳдат аст» конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар конфронс олимону устодони филиали донишкада, шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Шавкат Рустамов,
муовини директор оид ба илм ва
инноватсияи ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд
Пояи устувории давлат
Маҳз истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи Ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонуии маводи мухаддир ва масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор дод.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми неруҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.
Г.Муродова,
номзади илмҳои сиёсӣ
Ваҳдат ва рушди осорхона
Шаст сол муқаддам Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ дари худро ба рӯи тамошобинон боз намуд ва он чун оинаи таърих ба меҳмонони ватанию хориҷӣ хизмат мерасонад. Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ буд, ки яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳ - 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин осорхона баргузор гардид.
М.Ғаниева,
мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ба
номи Рӯдакии шаҳри Панҷакент
Омили таҳкими истиқлолият
Ба шарофати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан, ҷавононро дар рӯхияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифтротгароӣ, маҳалгароӣ ва мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи ватандории тамоми ҷомеа маҳсуб меёбад.
А. Даминова, Қ.Даминова,
кормандонни ДДК ба номи А.Рӯдакӣ
Неъмати бебаҳо
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт. Бинобар ин, Ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва ба ҳамин хотир ҳар яки мо вазифадорем, ки онро ҳифз намоем.
…Имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба тадқиқу тарғиб карда шавад.
Манучеҳр Расулов,
коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зи ваҳдат хуррамӣ бошад Ватанро!
Имрӯз мо шукронаи онро мекунем, ки сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон пойдор аст. Мо бояд сулҳу оштии миллиро ҳифз намоем. Бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем. Моро мебояд насли наврасро дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ, муҳаббат ба Ватан, инсондӯстию инсонпарварӣ, созандагӣ, бунёдкорию накукорӣ, зебопарастию маданияти баланд тарбия намоем.
Наҷиба Иброҳимова,
омӯзгори мактаби №83-и ноҳияи Сино
Тавзеҳгари ҳунарҳои мардумӣ
Дар «Ёддоштҳо» бештар ҳаёти бачагӣ ва таҳсилу тадриси устод Айнӣ дар мадрасаҳо ифода ёфтааст. Адиб як зумра ҳунарҳои мардумиро дар ин асараш тасвир намудааст. Яке аз онҳо касби падараш - сангиосиёбтарошӣ мебошад. Бо ин ҳунари қадима, ки падари Айнӣ аз гузаштагонаш омӯхта буд, рӯзгори оилаашро пеш мебурд.
Фарангис Ғозибекова,
омӯзгори мактаби №98-и ноҳияи Сино
Об муқаддаст аст
Воқеан ҳам, ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои дорои захираҳои фаровони об буда, дар таҳкиму танзими захираҳои об саҳми назаррас дорад. Медонем, ки дар фарҳанги миллии мо таваҷҷуҳ ба об, ташнаеро об додан, сарзаминеро шодоб гардондан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, хулоса обу ободӣ аҳамияти бузурги ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Илова бар ин, дар радифи хоку оташу бод об чорумин унсури муқаддаси ҳастии оламу одам аст
Тилло Исмоилова,
омӯзгори мактаби №97-и ноҳияи Сино
Ганҷи беназир
Мо шукрона мекунем, ки дар фазои сулҳу вахдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки ба қадри сулҳу ваҳдат бирасем ва баҳри ободиву бунёдкорӣ ва созандагиву гулгулшукуфоии Ватани азизамон ҳамвора талош намоем.
Фароғат Маҳмудова,
устоди Донишкадаи политехникии
ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар
шаҳри Хуҷанд
Аттестатсия ҷамъбаст гардид
Дар муассисаҳои таълимии кишварамон давраи муҳим – аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ ҷамъбаст гардид. Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни аттестатсияи имсолаи хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дидан намудем. Нахуст ҷараёни аттестатсияро аз муассисаи таълимии №11-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз намудем, ки хонандагон ба аттестатсияи омодагӣ доштанд. Сипас, аз мактабҳои №№ 30,52 ва №51 раванди баргузории аттестатсияро ба мушоҳида гирифтем, ки хеле шаффоф ва одилона сурат гирифт.
Шарифи Абдулҳамид,
«Омӯзгор»
Ҳунар давлатест поянда
Мо-ҷавонон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ неруи хешро баҳри ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба пояҳои давлатдории миллӣ равона карда, барои ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии марзу буми Тоҷикистон сарф хоҳем кард. Роҳи мо, ҷавонон, роҳи илму маърифат ва технологияи мусоир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, бунёдкорию навоварӣ ва созандагӣ аст.
Абдураҳмон Авезов,
хонандаи синфи 10-и мактаби
№47- и шаҳри Исфара
«ОМӮЗГОР»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр