Нашрияи Омӯзгор

Ман омӯзгорам!

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 848        Шарҳ: 0

 

Рӯзи омӯзгорон фаро расид, рӯзе, ки бароям хеле азизу хотирмон аст, рӯзе, ки бояд ҳамкасбонамро табрик гӯям, рӯзе, ки аз омӯзгор буданам бештар ифтихор мекунам... Бояд чизе бинависам, нанависам, худро намебахшам… Дар ҳаққи омӯзгор чизе гуфтану навиштан қарз аст, агар 365 рӯзи сол аз омӯзгор бигӯиву бинависӣ, боз ҳам кам аст. Ҳарчанд, чандин сол шуд, ки аз касби омӯзгорӣ дурам, аммо рӯҳану маънан худро омӯзгор меҳисобам ва пешаам низ ҳамоно омӯзгорист.

Пеши дуредгар чӯби дағалу носуфтаеро меоранд. Вай ин кундаро тарошидаву лайс ва суфта мекунад, аз ин чӯби як маврид дурушту беқолаб чизҳои ҳайратовару зебое месозад, ки мардум мафтун мешаванд. Вақте кӯдакро ба мактаб меоранд, вай монои ҳамон чӯби дағалу носуфтаест пеши усто. Омӯзгор кӯдакро таълим медиҳад, адаб меомӯзад, ниҳоду ботинашро батамом дигар мекунад ё худ аз нав месозад, яъне рӯҳан ва маънан кӯдак куллан тағйир меёбад. Оё ин кори осон аст?! Аз одаме, ки ба шаклу зоҳир одам аст, ба маънои томаш ИНСОН сохтан оё кори андак аст? Як нафареро тарбия кардану савод омӯхтан сахт сангину душвор аст!

Агар дар синф бист нафар, сӣ нафар хонанда бошад, як бор ба худ тасаввур кунед, ки заҳмату меҳнати омӯзгор чӣ гуна бояд бошад? Дар як синф бист хислат, бист одат, бист кирдор…бист олам (чун ҳар як инсон ба сари худ як дунё аст) ҳузур дорад, дили ин ҳамаро ба даст овардану бо ҳар яке бо ҳар як усулу шева (онро ҳам ёфтан лозим) муомила намудан, кор кардану ҳарфе ёд додан осон аст? Ба ин хотир, агар ба муаллими асил тамоми ганҷи дунёро бахшанду ҳама чизро барои ӯ дареғ надоранд, боз ҳам чизе нест, зеро заҳмати омӯзгори ҳалолкорро бо чизе наметавон қиёс кард…

Омӯзгорӣ қаҳрамонист! Ин ҳарф муболиға не, балки ҳақиқат аст. Муаллимон қасру кӯшк, мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ, хонаҳои боҳашамат надоранд, аммо НАНГУ НОМУСи миллӣ, ҒУРУРИ уқоби кӯҳӣ доранд. Он қасру кӯшкҳо пеши чашми муаллим пари коҳе беш нестанд. ОМӮЗГОР ДОРОТАРИН ФАРД аст, чаро ки ӯ ГАНҶИ БЕБАҲО – ИЛМУ ДОНИШ дорад, ки рӯз ба рӯз, сол ба сол меафзояду кам намешавад. Муаллим барои худ не, барои миллат, барои Ватан ранҷ мекашад, барои фардои кишвар фарзандонашро омода менамояд.

Солхои 90 – уми асри гузаштаро насли миёнсолу калонсол дар хотир доранд. Ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту қаҳтиву гуруснагӣ ҳукмрон…Дар мактаби деҳа кор мекардам. Ҳолу аҳволи ҳама қариб як хел буд. На омӯзгор нони сериву либосу попӯш дошту на хонанда. Муддати мадиде муаллим маош ҳам намегирифт. Аммо дар дили муаллим шавқи омӯзондан ҷӯш мезаду дар дили хонанда шавқи омӯхтан. Дигар ҷое набуду дар идораи хурдакаки муаллимон китоб мехондему луғат тафсир мекардем ва шеър аз бар менамудем.

Муаллимоне буданд, ки то бевақтӣ бо шогирдон кор мекарданд. Аз омӯзгори таърих – устод Нуралишоҳ ҳамон солҳо суол карда будам, ки машғулият ба дарозо кашад, бачаҳо хаста намешаванд? Гуфтанд, ки ин тавр хубтар аст, чунки машғулият бардавому завқовар бошад, бачаҳо ГУШНАГИИ ХУДРО ФАРОМӮШ менамоянд. Бияндешед! Ин як УСУЛИ НАВЕ БУД дар таълим, ки як омӯзгори одии як деҳаи дури кӯҳистон фикр карда бароварда буд. Қаҳрамониву корнома нишон додан танҳо пеши аду сина сипар кардан нест. Магар ин рафтору кирдори омӯзгорон қаҳрамонӣ нест? Магар ин азхудгузаштагиву худфидоӣ нест?! Магар ин мисоли барҷастаи хизмату садоқат ба Ватан нест?!

Имрӯз ҳам омӯзгорони асил ба хотири як ҳарфе омӯхтан ба шогирд майна об мекунанд, асабашонро хароб менамоянд, шабзиндадорӣ мекашанд, саломатиашонро аз даст медиҳанд. Ҷоннисориву қаҳрамонӣ аз ин зиёдтар мешавад?! Як дарс чӣ қадар умри муаллимро мекоҳад, чӣ қадар тораҳои мӯяш сафед мешуда бошанд, чӣ қадар дилзанак мешавад. Як соли дарс чӣ? Даҳ сол...

Ҳеҷ фарде ҳақ надорад муаллимро таҳқир кунад ва агар чунин кор воқеъ шавад, ин фард беақлтарин одами рӯйи дунёст, ба дуои бади мардуми кӯҳистон “бебаракат” аст. Устод Ширин Бунёд, Шоири халқии Тоҷикистон, (рӯҳаш шоду ёдаш ба хайр!) доимо ҳамин гапро такрор ба такрор мегуфт:

- Касе аз падару модари худ бебаракат шавад (дуои бад гирад), боз бо кори хайре рӯзе баракат хоҳад ёфт, аммо касе, ки аз устоди худ, аз муаллими худ баракат наёбад, тамоми умр бебаракат хоҳад монд...

…Банди хаёл раҳ мерафтам, овозе маро ба худ овард:

- Салом, устод!

- Ваалайкум бар салом!

Барои омӯзгори асилу бохирад ҳамин ҳурмати шогирд бузургтарин ва беҳтарин мукофот аст, чун ӯ дар дидаи мардум, дар қалби шогирдон ҷой гирифтааст.

Иди касбӣ муборак, ҳамкасбони гиромӣ!

Ҷангибек УЛФАТШОЕВ,

адиб ва рӯзноманигор,

шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш