Нашрияи Омӯзгор

Мартабаи воло

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор кист? Ӯ чӣ нақше дар ҳаёти инсон дорад?

Оё ҷомеаи инсонӣ бе нақши омӯзгор ба дастоварде ноил гашта метавонад?

Албатта, не!

Мақоми омӯзгор басо бузург аст. Бахусус, омӯзгори деҳот. Пайваста дар талошу заҳмат аст, ӯ. Инсонест одӣ, хоксор, бурдбор, заҳматкаш, мушфиқ, ғамхор, сахтгир ва серталаб.

 Ҳанӯз ба дабистон по нагузошта, аз бародару хоҳарони калони худ васфи омӯзгоронро мешунидем. Пеши назарамон симоҳои қаҳрамонони афсонавӣ ҷилвагарӣ мекарданд, ки онҳо бо неруи тавонои худ бо зишту бадкорон мубориза бурда, ғолиб мегаштанд.

Дар ҳақиқат, бе омӯзгор ҷаҳон тираву тор хоҳад буд. Чун пай ба остонаи мактаб гузоштем, симои нуронии омӯзгор мафтунамон кард. Ин симо ҷозибае дошт, ки моро ба худ мекашид. Ӯ ҳодӣ гашту мо раҳпаймо. Ӯ роҳи моро равшан мекарду ақламонро комил. Омӯзгор ба мо илм, маърифат, одамгарӣ ва тавоноӣ меомӯхт. Меҳнат кардан, дӯст доштани Ватан ва эҳтиром карданро низ.

“Ба як ҷавон чил ҳунар кам аст”, - талқин мекард устод. Мо рафтору пайкори устоди хешро медидему ибрат мегирифтем. Тамоми он ҳунарҳоеро, ки барои мард зарур аст, аз устодони хеш омӯхтам ва дар зиндагӣ пайваста ба кор мебарам. Саъдии бузург гуфтааст: ”Ҳунар чашмаи ҷӯянда ва давлати поянда аст”. Бо ҳунарҳои омӯхтаи худ ман дар рушди ҷомеа саҳмгузор хоҳам гашт. Ватани худро ободу зебо хоҳам кард, то ҳар меҳмоне ба ин сарзамин қадам гузорад, аз зебоии он ба ваҷд ояду таассуроти нек аз ин сарзамини биҳиштосо бигирад ва бори дигар орзуи дидани ин кишвар намояд.

 

Салоҳиддин НУРОВ,

 ноҳияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш